Муаррифгари давлати соҳибистиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 75
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт».
Сӣ сол муқаддам бо ташаббуси Асос-гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони истиқлол шуморида мешавад.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гар-дид. Соли 1994 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид.
Аз ин лиҳоз, Конститутсияро халқӣ меноманд, ки дар таҳияи он худи халқ ширкат варзидааст. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад.
Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат ва асосҳои сохтории он дар боби аввали Конститутсия муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.
Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд кар-да шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлол ва сарчашмаи яго-наи ҳокимияти давлатист.
Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаш-тан ба низоми бисёрзи-нагии таҳсилот дар соҳаи маориф ва ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ гардид, зеро роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлоли давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳувияти миллӣ мебошад.
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи онҳо диққати махсус дода истодааст. Ба ҳамин хотир, имрӯз дар Конститутсия чандин меъёрҳо амал карда истодааст. Вобаста ба таҳсил намудани ҷавонон, инчунин мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсили умумии асосӣ имрӯз мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ба тариқи ройгон аз таҳсили умумӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва дигар намудҳои таҳсил истифода кунанд.
Дар Конститутсия уҳдадориҳои асосии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муқаррар карда шудааст, ҳар як ҷавоне, ки синну солаш ба даъвати ҳарбӣ расидааст, уҳдадор аст, барои ҳимояи модар- Ватан хизмат кунад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҳамин тариқ, сӣ соли ама-ли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввалиндараҷа буда, ин нукта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорем, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...