Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Ш. Чиллазода: «Мақомоти адлия дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дорад»


Ш. Чиллазода: «Мақомоти адлия дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дорад»




Мусоҳибаи ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Шарафҷон Чиллазода ба муносибаи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон.

-  Сараввал,  мехостем  оид  ба  аҳамияти миллӣ  ва  арзиши  таърихии  Конститутсияи мамлакат назаратонро баён мекардед.

-Таърих  гувоҳ  аст,  ки  кишвари  азизи  мо  то замони  расидан  ба  соҳибистиқлолӣ  марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намудааст. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва қабули Конститутсия, рӯзи 6-уми ноябри соли 1994,  барпо  намудани  давлати  соҳибистиқлол ва  ҷомеаи  озоду  пешрафтаи  шаҳрвандиро  ба миён овард. Аз ин ҷост, ки ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун санаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ дар кишвар таҷлил мегардад. 

Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Истиқлоли  давлатии  тоҷиконро  ба  расмият  дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии  пешрафту  инкишофи  давлату  ҷомеаро  ба воситаи  меъёрҳои  ҳуқуқӣ  муайян  сохт.  Қабули Конститутсия,  дар  ҳақиқат,  дастоварди  бузурги таърихист. 

Дар  мундариҷаи   Конститутсия  чунин омадааст:  “Мо,  халқи  Тоҷикистон,  қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи  ҷаҳон  буда,  худро  дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва  вазифадор  дониста,  таъмини  соҳибихтиёрии давлати  худ  ва  рушду  камоли  онро  дарк  намуда,  озодӣ  ва  ҳуқуқи  шахсро  муқаддас  шумур-да,  баробарҳуқуқӣ  ва  дӯстии  тамоми  миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Кон-ститутсияро  қабул  ва  эълон  менамоем.”  Яъне, аз  ин  бар  меояд,  ки  ҳанӯз  30  сол  муқаддам,  аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар, бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати нави-ни тоҷикон қабул гардидааст.

-Нақши  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-  Ташаккули  маърифат  ва  тарбияи  ҳуқуқии аҳолӣ  масъалаи  калидии  давлату  Ҳукумат  ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса  равона  шудааст.   Мутобиқи  моддаи  1-и Конститутсия  -  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  давлати соҳибихтиёр,  демократӣ,  ҳуқуқбунёд,  дунявӣ ва  ягона  мебошад.  Тазаккур  бояд  дод,  ки  маҳз давлате  ҳуқуқбунёд  мебошад,  ки  дар  он  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ҳамчун  арзиши  олӣ  эътироф гардида,  фаъолияти  ҳам  давлат  ва  ҳам  шахс ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ аст, яъне дар давлати ҳуқуқбунёд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Аз  ин  ҷост,  ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бунёди  давлати  ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад. Зеро ба воситаи Конститутсия нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд муқаррар ва кафолатҳои расидан ба ин ҳадаф дар он ифода мегардад.

Конститутсия  мазмун  ва  моҳияти  маърифати  ҳуқуқиро ифода менамояд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар кишвар заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ барои баланд бардошта-ни маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам омадааст, ки заминаи конститутсионӣ доранд.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз масоили мубрамест, ки ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ ҳифз ва истифода карда тавонад.

-  Коршиносон  бар  он  назаранд,  ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хусусияти  инсонмеҳвариро таҷассум менамояд. Назари Шумо дар ин бора чӣ аст?

-Дар  ҳақиқат,  арзишҳои  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикосгари  сиёсати  инсондӯстонаю  инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  шаҳрванд  будани  он  маҳсуб  ёфта,  шаҳодати  ин  нукта озодии сухан, нашр, виҷдон, дин ва дигар озодиҳо дар Тоҷикистон аст.

Дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, муқаррар шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрвандро  давлат  эътироф,  риоя  ва ҳифз менамояд.

Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи давлат ва мақомоти давлатӣ вогузор менамояд. Мутобиқи моддаи 14-и  Конститутсия  ҳуқуқ,  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо,  фаъолияти  ҳокимияти  қонунгузор,  иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Яъне, дар асоси меъёри конститутсионии мазкур таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳаки марказии санадҳои меъёри ҳуқуқиро ташкил намуда, механизмҳои ҳимояи он тавассути мақомоти судӣ муқаррар шудааст.

Маҳдуд  кардани  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, ам-нияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Яъне, меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани  инсон  ва  ҳуқуқу  озодиҳои  ӯ,  дахлнопазир  будани  ҳаёт,  қадр, 
номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун, суд ва ғайра дар  умум  хусусияти  инсонмеҳварӣ  доштани   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

 Таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон чӣ тавр иҷро мешавад ва дар ин самт кадом тадбирҳои шоиста амалӣ шудаанд?

- Мутобиқи моддаи 17-и Конститутсия давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Тибқи  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъмин  ва  ҳифзи  ҳуқуқҳои  конститутсионии  шаҳрвандон, қонунияту адолат ва амалӣ намудани адолати судиро Суди конститутсионӣ,  Суди  Олӣ,  Суди  Олии  иқтисодӣ,  Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд.

Боиси қайд аст, ки таъсиси мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз тадбирҳои шоистаест,  дар  самти  таъмини  ҳуқуқҳои  конститутсионии шаҳрвандон. Яъне, вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби ҳама мақомот, идораю ташкилотҳо таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, яке аз тадбирҳои дигари муҳим баҳри таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ин эълон намуда-ни соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. 

-  Оё  аз  ҷониби  мутахассисони  Раёсати  адлия  ва зерсохторҳои он ба шаҳрвандон, хусусан аҳолии ниёзманду  камбизоат,  кумакҳои  ройгони  ҳуқуқӣ  расонида мешавад?

-  Зикр  бояд  кард,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   узви комилҳуқуқи СММ буда, санадҳои муҳими байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон эътироф кардааст.

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  кӯшиш  ба  харҷ дода  истодааст,  ки  уҳдадориҳо  тибқи  санадҳои байналмилалӣ  дар  ҳудуди  кишвар  амалӣ  шаванд. Яке аз ин уҳдадориҳо таъмини ёрии ҳуқуқии ройгон ба эҳтиёҷмандон мебошад.

Бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 2-юми  июли  соли  2015,  таҳти  №425  Консепсияи расонидани  ёрии  ҳуқуқии  ройгон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Барои татбиқи Консепсия бо қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  28-уми ноябри соли 2015, таҳти №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» таъсис дода шудааст.

Муассисаи  давлатии  «Маркази  ёрии  ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади расонидани  ёрии  ҳуқуқии  ройгон  барои  табақаҳои осебпазири  аҳолӣ,  муайян  кардани  модели  самаранок  ва  камхарҷтар  оид  ба  ёрии  ҳуқуқии  ройгони якумдараҷа, инчунин муқаррар кардани механизми муносиб  барои  расонидани  ёрии  ҳуқуқии  ихтисосноки дуюмдараҷа таъсис дода шудааст, ки ҳаррӯза дар ҷараёни фаъолияти муассиса дастрасӣ ба адолати судӣ ва ёрии ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои осебпазири ҷомеа таъмин шудааст.

- Яке аз ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 баланд бардоштани сатҳи  маърифатнокии  ҳуқуқии  шаҳрвандон  ва тарғиби арзишҳои демократӣ мебошад. Раёсати адлияи  вилоят  дар  ин  самт  чӣ  чораҳо  андешидааст?

-  Аз  ҷониби  Раёсати  адлияи  вилояти  Хатлон “Гурӯҳи  кории  доимамалкунанда  ҷиҳати  пешбурди корҳо  дар  самти  баланд  бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ” таъсис дода шудааст, ки он мунтазам корҳои ташвиқотиро дар самти баланд бардоштан маърифати ҳуқуқӣ пеш бурда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раёсати адлия  нақшаи  муштараки  чорабиниҳо  бо  мақомоти Раёсати  Агентии  назорати  давлатии  молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, иҷрои стратегия, консеп-сия ва барномаҳои давлатӣ аз 22 январи соли 2024 тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он ва бо мақсади тарғибу  ташвиқи  меъёрҳои  Конститутсия  ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар идораю ташкилотҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Ҳамзамон,  ҳар  моҳ  дар  бинои  Раёсати  адлия машғулиятҳои  семинарӣ  бо  иштироки  нотариусони давлатии Идораҳои нотариалии давлатӣ ва му-дирони  бахшҳои  САҲШ  доир  мегардад,  ки  дар  он масъалаҳои  мухталифи  ҳуқуқӣ  баррасӣ  гардида, маърӯзаҳои нотариусон ва мудирон шунида мешаванд.

Гурӯҳи  кории  доимамалкунандаи  Раёсат  низ ҷиҳати  пешбурди  корҳо  дар  самти  баланд  бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дар ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои  вилоят,  шаҳраку  деҳот,  муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, байни аҳолӣ, дар қисмҳои низомӣ, маҳаллаҳо  мунтазам  суҳбату  вохӯриҳо  гузаронида,  баҳри  баланд  бардоштани  маърифати  ҳуқуқии аҳолӣ пайваста чораҳо меандешанд.

Қайд бояд намуд, ки масъулини Раёсати адлия дар  барномаи  телевизионии  “Маърифати  ҳуқуқӣ”-и шабакаи  телевизионии  “Хатлон”  мунтазам  иштирок  намуда,  вобаста  ба  “Соли  маърифати  ҳуқуқӣ”, шарҳу тавзеҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад намуда, инчунин тавассути радиои вилоятӣ, аз ҷониби масъули-ни Раёсат, нотариусони давлатӣ ва бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят баромад пахш мешаванд.

Инчунин, аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва дар саҳифаи фейсбукии Раёсат мунтазам  мақолаҳо  дар  мавзуъҳои  гуногуни  ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба чоп мерасад.

-Барои суҳбати самимию ошкоро ташаккур!

Суҳбаторо 
Фаромӯзи ДАВЛАТАЛӢ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода