Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Кафолати рушди кишвар


Кафолати рушди кишвар




Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Маърифати ҳуқуқӣ чист? Чӣ зарурат пеш омад, ки Роҳбарияти олии мамлакат ба моҳияти ин мафҳум ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвардон авлавият дода, як солеро расман “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намоянд? Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст.

Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз, моро мебояд, ҳарчи бештар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат вобаста  ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва иҷрои онро талаб ва назорат намоем. Аксари шаҳрвандон донистану риояи қонунҳо, Конститутсияи кишвар, эҳтиром гузоштан ба онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои худу дигаронро ҳатмӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро барои ҳар як шаҳрванди  кишвар зарур меҳисобанд.

Дар маҷмуъ, зери мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” маҷмӯи донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида баҳс намуда, ҷиҳати батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ин доштани дониши ҳуқуқӣ, то як андозаи муайян бархӯрдор будан аз илми ҳуқуқшиносӣ, ё донистани илми ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Роҳбари давлат бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024- ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд. Аз ин рӯ, мардуми азизи кишварамонро мебояд, ки аз пайи омӯзиши мафҳум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ нсон даст ба ҳуқуқвайронкунӣ мезанад.

Хоҳӣ, ки озод бошӣ, дониши ҳуқуқии худро баланд бардошта, ғуломи қонун бош! 

Фирӯза ҲусеЙнзода,
судяи Суди шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода