Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...!


Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...!




Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи ҷавонон дар Тоҷикистон ба маротиб пешрафт кард. Аз ҷумла соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шуд. Ин аз ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷавонон пуштибонӣ карда, баҳри рушди онҳо бо татбиқи барномаву нақшаҳои тарҳрезишуда фаъолият мекунад. Дар доираи чунин як нақшаи чорабинӣ дар соли 2024 ташкили нахустфестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...» дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид, ки тамоми ҷавонони фаъоли манотиқи кишварро фаро гирифта буд.
 
Фестивал аз 1 то 4 май дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар он ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, волонтёрон (ихтиёриён) ва масъулини бахшҳои ҷавонони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ вилояти Хатлонро 16 нафар ҷавонони фаъол намояндагӣ мекарданд.

Дар рӯзи аввали фестивал гурӯҳи 70- нафараи ҷавонони ҷумҳурӣ дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Баъди машварат ва шиносоӣ ҳайати ҷавонон ба ноҳияи Рӯдакӣ раҳсипор шуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҷавононро гурӯҳи ҷавонони ин ноҳия бо сарварии муовини раиси ноҳия хуш истиқбол гирифтанд. Бо нону намак ва суруду таронахонӣ меҳмоннавозии худро нишон доданд.

Сипас, корвони дӯстӣ ба маркази ноҳия рафта, мизбонон бо ҷавонон аз дастовардҳои маорифчиён шинос гардиданд. Ҳамин тавр, суҳбату шиносоии ҷавонон гарм шуд.

Дар идомаи сафар дар дафтари хотироти ҳар як иштирокчӣ саҳфаи рангине боз шуд. Дар деҳаи Султонобод баҳри фароғату истироҳати онҳо аспсаворӣ ташкил гардида буд, ки писанди ҳамагон гашт. Инро аз чеҳраи ҷавонони масрур метавон пай бурд. Аз мушоҳида бармеомад, ки баъзе аз бачаҳо бори аввал аспсаворӣ мекарданд. Хурсандиашон ҳадду канор надошт. Баъзе асптозӣ мекарду баъзеи онҳо аккосӣ. Ҳамин тавр, рӯз бегоҳ шуд ва ҷавонон ба маркази ноҳия баргаштанд.

Дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ ташкил шуд. То омода шудани сарояндаҳо гурӯҳи ҷавонон давра карда, бо ҳам шеърхонӣ мекарданд, ки ин ҳолат ба мардуми ноҳия писанд омада, баъзеҳо бо онҳо ҳамроҳ гардиданд. 

Баъди чанд лаҳза барномаи фарҳангӣфароғатӣ оғоз шуд. Садои таблу суруду тарона базми ҷавониро гарм кард. Ҳамин тавр, иштирокчиёни фестивал бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амнияти побарҷои ватани азизамон -Тоҷикистон то дер бо суруду таронаҳои аҳли фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мерақсиданду шодӣ мекарданд.

Ҷавонон дар хонаҳои фаъолони маҳаллаҳои ҷамоату шаҳраки ноҳия меҳмон шуданд. Мо бо ин ҷавонон, ки ҳамсафар будем, ба хонаи Алӣ Қувандиков рафтем. Аҳли деҳа аз омадани меҳмон хурсанд буданд. Муҳити гарму самимӣ ва мардуми хоксору меҳмоннавоз барои мо хушоянд буд. Ба қавле дар ин макон дӯстони навро барои худ дарёфтем.

Ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо дар фазои сулҳу амният қарор дорад. Ҷавонон метавонанд дар дилхоҳ минтақаи кишвар, дар дилхоҳ оила меҳмон шаванду мисли узви як хонадон зиндагӣ кунанд. Амаки Алӣ ва ҳамдеҳагонаш исбот карданд, ки тоҷикон аз қадим меҳмондӯст будаанду, ҳастанд ва мемонанд.

Ҳамчунин, дар идомаи сафар иштирокчиёни фестивал аз хона-музейи Боқиевҳо дидан намуданд. Дар ин хона-музей дастовардҳои Расул Боқиев ва падару бародаронаш ба намоиш гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки ин ҷудокори тоҷик соли 2008 дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин барандаи медали биринҷӣ гардида буд. Ҳамчунин, ӯ барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 гардидааст. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш ва ҷудо мебошад. Ҳангоми дидан намудан аз ин хона-музей ҷавонон таассуроти нек бардоштанд. 

Маврид ба зикр аст, ки ин сафар дар хотироти ҳар як иштирокчӣ нақши муассир боқӣ гузошт. Муҳаммаднабӣ Раҷабов, сокини ноҳияи Ёвон, андешаҳои худро оид ба фестивал чунин шарҳ дод:

- Мо - ҷавонон дар ин фестивал аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада, бо ҳамдигар риштаи дӯстӣ пайвастем. 

Ба урфу одатҳои сокинони меҳмоннавози ноҳияи Рӯдакӣ аз наздик шинос шудем, ки ин метавонад дар тарбияи маънавии мо нақши муҳим бозад. Ман дар тӯли умрам ба ин ноҳия наомада будам. Вале дар муддати 4 рӯзе, ки дар доираи фестивал дар ноҳия қарор доштем, аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз корхонаҳои саноатӣ, китобхонаву осорхона ва манзараҳои дилфиребаш дидан кардем, ба худ хотироти рангине гирифтем. 

Дар ин баробар, мо бо чандин нафар ҷавонони ҳамсинну соли худ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон риштаи дӯстӣ пайдо намудем. Ин сафар дар ҳаёти ман нақши боризе гузошт. Ман муҳаббат кардан, эҳтиром ба ҷо овардан ва дӯстӣ карданро ба хубӣ омӯхтам. Аз ин баъд низ кӯшиш мекунем, ки риштаи дӯстиамонро  ба якдигар қавитар кунем,- мегӯяд Муҳаммаднабӣ Раҷабов, иштирокчии фестивал аз ноҳияи Ёвон.

Манижа Раҷабова, низ аз ин сафар хотираҳои ҷолибе бардоштааст:

- Иштирок дар фестивал олами ҷавонии маро дигар кард. Пеш аз ҳама, дӯстони зиёд пайдо намудам. Дугонаҳо пайдо кардаам, аз ҳар минтақаи Тоҷикистон буданд. Акнун ба кадом минтақаи ҷумҳурӣ сафар кунам, медонам, ки дар он ҷо дӯстонам ҳастанд. Шукр мекунам, ки дар чунин як ватани орому осуда умр ба сар мебарам. Ҳамсолони мо дар дигар кишварҳо ҳатто ҳуқуқи таҳсил карданро надоранд. Бинед, ки мо ҳам дарс мехонем, ҳам кор мекунем ва ҳам ба сайру саёҳати дастаҷамъона меравем. Моро мебояд, ки ин ҳама имконотро истифода бурда, хонем, илм омӯзем ва содиқона барои ободонии ин сарзамини ба ҷон баробар хизмат кунем.

Субҳи дигар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷавонон бо шоири маъруф, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа гарм суҳбат карданд.

Фестивали дӯстии ҷавонон бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат баргузор гардид. Он дар роҳи барқарорсозии дӯстиву бародарии ҷавонони кишвар воситаи хубе гардид.

Умедворем, ки чунин чорабиниҳо бештар гардида, дар рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ ва суботу якдилии Тоҷикистони азизамон заминаҳои хубе хоҳанд гузошт.

Набиҷони Саидаброр,
Бохтар- Рӯдакӣ-Бохтар,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода