Омили пешрафти ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 март, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 244
30 декабри соли 2023, №668 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеаи мутамаддин риоя ва иҷрои бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушду инкишофи бонизом ва босуботи ҳаёти давлату ҷомеаро бидуни риоя ва иҷрои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан номумкин аст. Барои риоя, иҷрои бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар баробари дигар омилҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки он дар натиҷа ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёт мусоидат менамояд, иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст оврадани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави тараққиёти таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар натиҷа, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба гузаронидани ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ оғоз бахшид, ки он то ҳол дар шаклу воситаҳои гуногун мунтазам, муташаккилона ва мақсаднок идома дорад.
Дастоварди муҳим ва арзанда оид ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ соли 1994 бо тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он ҳамчун санади муҳимтарини ҳуқуқӣ барои бунёди давлат заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Маҳз дар доираи талабот ва нишондодҳои Конститутсияи кишварамон бо мақсади танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ доир ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ як қатор қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи давру замон қабул карда шуданд. Онҳо аз ҳар як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ донистан ва дар амал риоя намудани муқаррароти онро талаб ва тақозо менамояд. Аз ин ҷо, дар назди кишвари мо вазифаи ташаккул ва инкишоф додани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боз ҳам мубрамтар гардид, ки пайгирии саривақтии он ба ташаккул ва инкишофи принсипҳо ва талаботҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Чунонки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2008 таъкид доштанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Сатҳи маърифати ҳуқуқии зарурӣ доштани ҳар як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ шарти муҳими пешрафти давлат ва ҷомеа, ҳамзамон нишонаи рушди фарҳанг ва маданият дар ҷомеа мебошад.
Маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шарафи дигарон, муборизаи оштинопазир намудан ба муқобили ҳаргуна ҳуқуқвайронкунӣ ва амсоли чунин арзишҳои умумиинсонӣ, ки онҳо барои пойдорӣ ва бардавомии ҳар як давлат ва ҷомеа муҳим ва зарур мебошанд, мусоидат менамоянд. Ба ибораи дигар, рушду инкишофи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо фаъолияти самараноки давлатро якҷо бо сохторҳои он доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, балки дар баробари дигар омилҳо, инчунин сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба манфиати халқу ватан низ талаб ва тақозо менамояд. Бо назардошти ин ҳолат Конститутсияи кишварамон дар моддаи 42 ҳар шахсро вазифадор намуд, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Бояд қайд кард, ки яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳандозии таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати ҳуқуқии кишвар мебошад. Бо ин мақсад, доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ як қатор дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Ҳоло доир ба таълими ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвар донишгоҳу донишкадаҳо таъсис дода шуда, таълими фанни ҳуқуқшиносӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба таври ҳатмӣ ҷорӣ гардидааст. Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ ҳамчун ҷузъи Консепсияи миллии тарбия дар робита бо дигар намудҳои тарбия бояд амалӣ карда шавад. Бинобар ин, рушди инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро тақозо менамояд, ки он бояд бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, расму оинҳои миллӣ амалӣ карда шавад.
Ҳамин тавр, дар сатҳи давлатӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 иқдоми муҳим ва саривақтӣ буда, таҷлили он ба донистан ва риоя намудани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтиром ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, паст гардидани нигилизми ҳуқуқӣ, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани ақидаи рафтори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба итоат кардан ба муқаррароти қонунгузорӣ, мустаҳкам гардидани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа, муборизаи оштинопазир ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд гардидани нақш ва нуфузи қонун ҳамчун танзимгари муносибатҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва амсоли чунин арзишҳои умумиинсонӣ кумак менамояд, ки онҳо барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани сутунҳои давлат ва ҷомеаи муосири навбунёди мо мусоидат хоҳанд кард.
Сиёвуш Абдураҳимов,
мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи
давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...