Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Модар, ту фариштаӣ


Модар, ту фариштаӣ




Фариштае саропо поктинативу иффат, назокат ва зебоипарастӣ.

Фариштае ғарқи меҳрубонӣ, ишқ, эҳсос ва дӯстдорӣ.

Фариштае лабрези ҳусну латофат, назокат ва чун гул муаттару зебо. 

Фариштае саршор аз меҳру муҳаббат ва навозиш.

Фариштае дорои волотарин хислатҳои инсонӣ, монанди фидоӣ, ҷоннисорӣ, сабур, таҳаммулпазир, ҳалим, хоксор ва бахшандаву дӯстдор.

Фариштае ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи ҳақ, роҳи расидан бар мақсуд ва роҳи инсони комил будан.

Фариштае дорои дунёи ширини беохири умеду орзу, ҳавас ва армон.

Фариштае равшангару зебу зиннати ҳар хонадон.

Модар. Ӯ шахсиятест, ки назир надораду самимияташ чун нури хуршед оламро мунаввар сохта. Ӯ чароғи роҳнамоест, ки пайроҳаи мо-фарзандонро равшанӣ бахшида, умеди фардои зиндагиро дар қалбамон ҷо сохта. Ӯ дунёест саросар аз ишқ, муҳаббат, шодмонӣ, рангорангӣ, дӯстдорӣ, ҷоннисорӣ ва поксириштиву некномӣ. Ӯ нафарест ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ғамхору мададгор ва роҳнамои мо-фарзандон.

Оё медонед, гармии рӯйи мо аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта, аз рӯйи гарму поки модар. Чун вақте моро нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар батни биҳиштии хеш нигоҳ дошту бо муҳаббати беинтиҳо ба дунё овард, аввалин нафаре буд, ки бо ишқ моро нигаристу аз рухсораҳоямон навозишкорона бӯсид.

Оё медонед, ширинзабонии мо аз куҷост? Албатта, аз забони поку беозори модар. Чун ҳангоми тифлӣ ба сухан гуфтан оғоз кардем, нахустин ҳарфҳоро ӯ бароямон омӯхту хушгуфториро талқинамон кард.

Оё медонед, росткориву ростқавлӣ ва поквиҷдониро кӣ бароямон омӯхт? Албатта, модар. Чун замоне ба коре бояд мепардохтем, ҳатман ӯ бароямон бо суханони ҳикматомезу ҳидоятгари хеш росткору ростқавл ва доштани виҷдони покро меомӯзонду онро нишонаи инсони комил маънидод мекард.

Оё медонед, бо муҳаббат зистанро кӣ бароямон омӯзонд? Албатта, нури чашму маънии ҳаёти ҳар яки мо – модар. Чун ҳар вақте дилтанг мегардидему гулӯямонро буғз мегирифт, бо суханони шаҳдбори хеш моро аз ғуссаҳо ҷудо мекарду бо ишқу муҳаббат зистанро ёдамон медод.

Модар! Туӣ, ки зиндагӣ ранги дигар дораду ҳаёти мофарзандон моломоли хушрӯзиву хушбахтиҳост. Ту ягона нафаре ҳастӣ, ки дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт, шебу фароз, шириниву талхӣ ва афтидану хестанҳо бо мо ҳастӣ ва бо бурдбориамон меболиву ба бохтамон ҳамдардӣ мекунӣ. Ту бо ҳузури хеш зиндагии якояки моро ҷилои дигар мебахшиву моро ҷиҳати расидан ба орзуву ҳавасҳоямон неруи дучанд. Ту маънии зиндагии моиву чун моҳ равшанибахшандаи рӯзҳои тираи мо.

Нури чашмони мо. Ёдат ҳаст, ки баъзан мо-фарзандон аз рӯйи нофаҳмию беандешагӣ корҳоеро мекардем, ки боиси ранҷишат шуда,чеҳраи нуроният пурчин мегардид ва донаҳои ашк чун марворид ба рӯят мешорид? Ёд дорӣ, ки вақте мо бемор мешудем, беқарор мегардидиву оромишатро аз даст медодӣ ва барои зудтар хуб гардидани мо чорае меандешидӣ? Ёд дорӣ, то замони бузург шудани мо чӣ машаққатҳоеро тоб овардиву аз он ҳаргиз дилсард нагардидӣ?

Мо-фарзандон медонем, ки ин ҳама дар ёдат ҳаст. Вале дар ҳама ҳолат чизи аз ҳама муҳим бароят, ин хушбахтии фарзанд буд, ки ба ҳеҷ яке аз гуфтаҳои боло аҳамият намедодиву бо вуҷуди доштани иштибоҳҳои гуногун кулли хатоҳои моро мебахшидӣ.

Модар! Ёд дорам, ки дар кӯдакӣ ҳар замоне бо сару рӯйи пур аз гард пас аз бозӣ ба хона бармегаштем, ба ҷои сарзаниш бо навозиш либосҳои тоза мепӯшондӣ. Ҳар вақте аз чизе табъамон хира мегардид, бо нигоҳи хеш дар чӣ ҳолат будани моро дарк мекардиву сабабашро пурсон мегардидӣ ва барои бартараф намуданаш тадбирҳо меандешидӣ. Дар хотир дорем, ҳар замоне заррае хушбахтона меболидем, шодмоният бе ҳадду канор мегардиду чеҳраат чун гул мешукуфт.

Хуршеди ҳаёти мо. Имрӯз мо-фарзандонат бузург шудаву чун мурғакон аз лонаи гармат ба ҳар сӯйи зиндагӣ дар парвозем. Ҳар куҷое ҳастем ва бо чи кору фаъолияте бандем, яқинан медонем, ҳамеша дар фикри хушбахтиву дуогӯямон ҳастӣ. Буданат моро неру мебахшаду ба ояндаи зиндагии ширин дилгарм месозад.

Модарҷони азиз! Агар боре боиси ранҷиш, андуҳу парешонҳолиат гардида бошем, мо-фарзандонатро бубахш. Хуб медонем, замоне ки муҷиби ранҷишат гардида будем, ҳамон лаҳза моро бахшидиву дуои хайрамон додаӣ, ки ин нишонаи бузургдиливу фидокориат аст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, мо-фарзандонатро бубахш ва дуогӯямон бош.

Фариштаи умеду орзуи мо. Туро хеле зиёд дӯст медорем ва буданат бароямон як ҷаҳон арзиш дорад.

Беҳрӯз ҚАЮМӢ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода