Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Арҷгузорӣ ба модар


Арҷгузорӣ ба модар




Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи наслҳо, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин  нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Агар ба таърихи ҷашнгирии ин иди бошукӯҳ нигарем, маълум мегардад, ки 8 марти соли 1857 коргарзанони корхонаҳои либосдӯзӣ ва пойафзолдӯзии шаҳри НюЙорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои паст будани музди кор ва номусоидии шароити корӣ ба роҳпаймоӣ баромада будаанд. Онҳо талаби рӯзи кории даҳсоата, коргоҳҳои равшану барҳаво ва музди кории баробар бо мардонро хоҳиш намуданд.

Моҳи январи соли 1909 дар Ню-Йорк аввалин мусобиқаи занон оид ба мошинронӣ дар ҷаҳон баргузор гардид ва моҳи апрели соли 1909 баромади аввалини дастаи навозишии занона «Вивалди-оркестра» сурат гирифт.

Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания Конфронси дуюми байналмилалии занон баргузор гардид. Дар ин конфронс роҳбарони гурӯҳи занон аз Ҳизби сотсиалдемократии Олмон Клара Сеткина ва Роза Люксембург пешниҳод намуданд, ки Рӯзи занон ҳар сол ҷашн гирифта шавад. Мақсади ин ҷашнро онҳо муборизаи занон барои ҳуқуқҳои худ номиданд.

19 марти соли 1911 ин ид дар Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 дар ин бобат ва мушкилоту ихтилофот ба вуҷуд омад, дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Маҷористон, Швейтсария, Ҳоланд - 9 март, дар Фаронса ва Россия - 2 март ҷашн гирифтанд.

Дар Россия ҷашн гирифтани Рӯзи байналхалқии занонро аввал рӯзи 2 марти соли 1913, баъд 8 марти соли 1914 қайд намуда буданд, чунки рӯзи ғайрикорӣ - якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз ҷашн гирифтан муқаррар гардид. Ин санаҳо ихтиё-ран қабул карда шуда буданд ва ягон воқеаи таърихӣ набуд. Иди мазкурро ба Россия бонуе бо номи Александра Кролотай овард.

Дар даврони шуравӣ коммунистон ин ҷашнро ба сиёсат рабт доданд. Рӯзи 8 марти соли 1917 занони рус дар шаҳри Петроград ба гирдиҳамоӣ баромада, ба оғози инқилоб асос гузоштанд. Бинобар он Россияи Шуравӣ соли 1921-ум 8 мартро Рӯзи иди занон эълон намуд. Баъдтар ин идро мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ, Чин, Ветнам ва Куба ҷашн гирифтанд.

Баъдтар дар матбуоти хориҷӣ оид ба таърихи ҷашни 8 март чунин хабар чоп гардид, ки рӯзи 8 марти соли 1857 дар Ню-Йорк гирдиҳамоии занон аз тарафи ҳукуматдорон бераҳмона пахш гардид.

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.

Боз якчанд фарзияи дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, рӯзи 8 март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон (International Women’s Day) ҷашн гирифта мешавад, ки ишора ба дастовардҳои занон дар соҳаҳои сиёсат иқтисодиёт ва иҷтимоиёт аст. Ҷашни Рӯзи байналмилалии занон дар айни ҳол ҳадафи тасдиқи баробарии мардон ва занонро надошта, балки тасдиқи рӯзи баҳор, зебоии зан, меҳрубонӣ, хиради азият ва таваҷҷуҳ ба занҳо мебошад.

Соли 1966 бо фармони Котиби генералии КМ ҲКИШ, Раиси Шуро Леонид Брежнев рӯзи 8 март рӯзи истироҳатӣ эълон гардид. Ба модарон бештар гулҳо, шириниҳо, атриёт ва маводҳои косметикӣ туҳфа мекарданд.

Соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки рӯзи 8 март дар тамоми ҷаҳон ҳамчун иди ҳимояи ҳуқуқҳои занон ҷашн гирифта шавад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ид арзиши худро аз даст надод. Боз ҳам пуршукӯҳтар гардид ва номи «Рӯзи Модар»-ро гирифт.

Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун «Рӯзи Модар» қайд карда мешавад ва он рӯз ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

Дар паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар 7 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷашни иди мазкурро чунин баён намуданд: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба занмодар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим  фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. 

Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем». Ба тамоми бонувони тоҷик, модарони арҷманду воломақом ва хоҳарони азизу меҳрубон орзу менамоем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

Садбарги Исо,
унвонҷӯйи ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода