КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ "САҲМ ВА НАҚШИ МУҲАММАД ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ" БАХШИДА БА 1160 - СОЛАГИИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 октябр, Бахш: ---, Боздид 56
Имрӯз дар Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳм ва нақши Муҳаммад Закариёи Розӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ», бахшида ба 1160-солагии донишманди бузург баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳ. оғоз ёфт. Ӯ дар баромади худ нақши Розиро дар ташаккули илмҳои тиб, фалсафа ва риёзӣ таъкид намуда, афзуд, ки осори гаронбаҳои ин нобиға то имрӯз арзиши илмӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудааст.
Дар кори конференсия олимон, устодон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла намояндаи Ҷумҳурии Белорус Татяна Петровна, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, профессор Абдулҳай Комилӣ дар мавзӯи «Андар шинохти Закариёи Розӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии таълимоти Розиро мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин, профессор Татяна Петровна аз Ҷумҳурии Белорус бо маърӯзаи ҷолиб таҳти унвони «Бесценное наследие Абу Бакра Мухаммада ибни Закария ар-Рази как ресурс для профилактики стигматизации и продвижения целей устойчивого развития» суханронӣ намуд.
Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки омӯзиш ва татбиқи афкори Розӣ дар замони муосир барои рушди илм, ахлоқ ва фарҳанги миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Мунавваршои ЗАФАР,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...