Қалбе, ки аз меҳри Ватан саршор аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 592
Вақте ки хостем бо хатмкунандагони ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанианд, суҳбат ороем, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Эмомалӣ Набизода Маҳмадёқубро тавсия дод. Пешниҳоди декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Б. Қодирзода низ Амиров Маҳмадёқуб буд.
- Аз факултети мо дар даъвати имсола 55 нафар хатмкунандагон хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳро азм кардаанд. Маҳмадёқуб яке аз ташаббускорони асосии пайвастани ҷавонони факултет ба ин раванди ҳарбӣ - ватандӯстист, - гуфт Б. Қодиров.
Ростӣ, аз шиносоӣ бо ӯ ҳақиқат будани таърифу андешаи масъулонро эҳсос кардам. Ҷавони одию хоксори деҳотӣ, ки заҳмати меҳнати деҳқонро медонад. Маҳмадёқуб зодаи деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Хуросон аст.
-Мо дар оила 5 бародаронем. Хурсандам, ки ба хизмати аскарӣ меравам. Ихтисоси ман, ки сиёсат ва идоракунии давлатист, водор мекунад, ки барои амалӣ намудани сиёсати давлат, мустаҳкам кардани иқтидори он, ҳифзи амнияти мардуми Тоҷикистони азизамон масъулияти бештаре дошта бошем. Корманди сохтори давлатӣ бояд зиракии сиёсӣ дошта бошад, эҳсоси ватандориаш қавӣ ва устувор бошад. Барои ин гузаштани мактаби хизмати ҳарбиро ҳатмӣ мешуморам, - бо ифтихор нақл мекунад Маҳмадёқуб.
Воқеан, ин суханонро барои ҳамсолонаш борҳо дар чорабиниҳо гуфтааст. Ӯ волонтёри фаъоли Созмони ҷавони донишгоҳ мебошад. Ихтиёрӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат менамояд. Ба хизмати ҳарбӣ низ ихтиёрӣ яке аз аввалинҳо шуда номнавис шуд.
- Тасмими баъди донишгоҳ адо кардани хизмати Ватан се моҳ пеш пайдо шуда буд. Ба курси ронандагие, ки Комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар ташкил кардааст, шомил гардидам. Талаботи замон аст, ки ҷавонон бояд техникаву технологияҳои муосирро донанд. Ин маҳорат дар хизмат лозим мешавад,- идома медиҳад Маҳмадёқуб. - Мо, ҷавонони донишгоҳ ба қисми ҳарбӣ рафта, бо шароити будубош ва хизмати аскарон аз наздик шинос шудем. Шароити хуб, ташрифи волидон, барои хизмати хуб ба рухсатӣ баромадам, аз ҳама муҳимаш дар Тоҷикистони худамон хизмат кардан магар хушбахтӣ нест?
Ба суҳбати Маҳмадёқуб гӯш медодаму фикр мекардам, ки чаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҷавонон такя мекунанд, ояндаи Тоҷикистонро ба онҳо вобаста медонанд. Дар симои ин ҷавони сидқан ватандӯст ҳақиқати таъкидҳои Президенти кишварро эҳсос кардам. Маҳз чунин ҷавонон ин давлатро обод ва устувору пешрафта мекунанд. Неруи зеҳнию ҷисмониашонро барои Ватани худ нисор мекунанд. Ин рӯҳияи созандаи пайравони Пешвои миллат аст. Маҳмадёқуб ибрати дигарон аст. Ба ӯ даҳҳо ҳамсолонаш пайравӣ мекунанд. Барои ихтиёрӣ муҳофизи марзу буми Ватан шудан муҳаббати самимӣ, ҳисси мардонагию ҷасорат лозим аст.
Маҳмадёқуб дар арафаи гусели наваскарон шояд бисёр мехоҳад, ки бо дуои волидон ба хизмат равад. Афсӯс, ки падараш Зикрулло (равонаш шод бод) дар бараш нест. Аммо ӯ медонад, ки чор марди оила - бародаронаш Ёдгор, корманди тиббӣ, Абдурозиқ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, бародаронаш Насимҷони донишҷӯ ва Абдуҷаббори хонанда бо ӯ ифтихор доранд. Ҳатто хешу табор ва ҳамсояҳо ба ӯ бо ҳавас менигаранд. Кулчаҳои пухтаи модараш Майсара тӯшаи роҳанд. Дуои модар, ки Маҳмадёқуб бо сари баланд хизмати Ватанро ба ҷо оварда, бармегардад, иҷобат хоҳад шуд. Маҳмадёқуб сазовори боварист. Орзумандем, ки дар хизмат ҳам фаъолу намуна бошад.
Д. МАҲКАМОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...