Насим: «Агар ман хизмат накунам, кӣ мекунад?»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 531
Насим Имомов зодаи ноҳияи Фархор буда, айни ҳол донишҷӯи соли 5-уми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ тасмим гирифт, ки баъди хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипайвандад. Ӯ мегӯяд:
- Ҳама ҳамсинфонам ҳоло хизмат кардаанд ва танҳо ман мондаам, ки ин қарзам адо нашудааст. Аз ин хотир, ба назди падару модарам рафтам, маслиҳат кардем ва онҳо розигӣ доданд, ки рафта хизмат кунам. Падару модарам барои ин ҳадафам ҳеҷ монеа нашуданд ва гуфтанд, ки мардакча барин рафта хизмат куну биё.
Насим бо ҳамроҳии чанд ҳамкурси дигараш ба ин хулоса омаданд. Ӯ бар ин назар аст, ки агар ин марзу буми муқаддасро мо ҳимоя накунем, пас, кӣ мекунад? Ӯ ба худаш боварӣ дорад ва ҳеҷ тарсу ҳаросе дар вуҷудаш нест.
Дар суҳбат ба мо гуфт, ки аз ҳамсинфонаш ва дигар ҷавонони хизмати ҳарбиро адокарда вобаста ба шароиту қонуну қоидаҳои хизмат пурсидааст ва хотираш ҷамъ аст. Ӯ бо як рӯҳи шикастнопазир иброз медорад, ки ба ҳеҷ мушкилу бедорхобиҳои аскарӣ нигоҳ накарда, аз ин мактаби мардонагӣ мегузарад. Ӯ афзуд:
- Ман медонам, ки он ҷо хонаи модарам нест ва азобу машаққату бедорхобиҳои зиёд дорад ва аз ҷиҳати равонӣ худамро омода кардаам. Аз онҳое, ки хизмат кардаанд, маслиҳатҳои муфид гирифтем. Имрӯз шароит дар артиш нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар буда, аксари қисмҳои низомӣ аз нав сохта шудаанд ва навтарин яроқҳои ҳарбӣ вуҷуд доранд, ки мо ба таври фаровон метавонем аз онҳо истифода барем.
Ӯ аз ҷавонони ватандӯсти кишват даъват ба амал меорад, ки рафта хизмати Ватан-модарро адо кунанд ва қарзи шаҳрвандии хешро ба сомон расонанд. Ӯ мегӯяд:
- Хизмати ҳарбӣ як мактаби мардонагӣ буда, ҷавонро тануманд мегардонад. Ман ҳайрони он ҷавононе мешавам, ки аз хизмат мегурезанд. Ин беғайратӣ аст. Мо падару модар, зану кӯдакамонро ҳифз мекунем ва ин ватани мо аст, ки бояд соҳибияш кунем. Тоҷик баъди 1000 сол соҳиби давлат гардид, пас бояд ин давлатро чун гавҳараки чашм ҳифозат намоем. Ман шукр мегӯям, ки чунин ҷавонони тарсу, ки аз хизмат мегурезанд, хеле кам аст. Ҷавонони ватандӯсти мо дар масири таърих барои ҳифзи ин хоки муқаддас доимо сина сипас кардаанд.
Насим ният дорад, ки баъд аз хатми хизмати ҳарбӣ ба донишгоҳ биояд ва ҳуҷҷатҳояшро ба магистратура супорад. Ӯ устоди донишгоҳ шудан мехоҳад, зеро яке аз бародаронаш ҳам омӯзгор аст ва меҳнати ҳалол мекунад. Мо ба Насимҷон роҳи сафед мегӯем ва орзуманди он ҳастем, ки бо сари баланд аз хизмат бармегардад. Насим намунаи беҳтарини як ҷавони тоҷик аст, ки дигарон бояд аз ӯ ибрат бигиранд.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...