Меҳтарон ҳамеша дар сафанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 375
Бо дарназардошти фаъолияти пурсамар, тарғибу ташфиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар дар озмуни вилоятии “Беҳтарин ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон” сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуд.
Вобаста ба ин мусоҳибае доштем бо Тӯтинисо Назарова, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.
-Тӯтинисо Махсумовна, Шуморо ба муносибати сазовори ҷойи аввал гардидан дар озмун ва 70-умин солгарди умратон аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи "Хатлон" табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба навро дар фаъолиятатон таманно дорем.
- Ташаккур!
-Нахуст, доир ба таърихи таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҷумҳурӣ каме маълумот медодед?
- 10 марти соли 1987 Конференсияи якуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ ин ташкилотро таъсис дод. Нахустин роҳбари он дар кишвар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бобоҷонов буд. Дар маромномаи Шӯро гуфта шуда буд, ки Шӯро фаъолияти худро дар асоси ташаббусҳои эҷодӣ ва худфаъолиятии собиқадорон дар ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқҳои касаба, ташкилоту созмонҳои ҷавонон, занон, Қувваҳои Мусаллаҳ, соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра ба роҳ мемонад. Вазифаи асосиаш ҷалб намудани собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳаёти фаъолонаи сиёсию ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас мебошад.
-Дар шаҳри Бохтар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат кай ба фаъолият оғоз намудааст?
- Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар, 16 марти соли 1987 таъсис ёфт, ки дар ҳамон давр 254 нафар аъзо дошт. Аввалин роҳбари он Раҷаб Воҳидов ва сипас аз соли 2001 шодравон А. Шодиев буд. Инак ин масъулият ба души ман аст.
Айни замон дар шаҳри Бохтар 14 ташкилоти ибтидоии Шӯрои соиқадорон дар маҳаллаҳо фаъолият дорад, ки онҳо 139 нафар аъзо дошта, 3 нафарашон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошанд.
Дар бораи иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа иттилоъ медодед?
Дар 14 ташкилоти ибтидоии шаҳри Бохтар раисон ва котибон таъин гардида, онҳо мунтазам аз ҳаёту зиндагии собиқадорон хабар гирифта меистанд. Дар арафаи иду ҷаншҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ва шахсони саховатпеша мунтазам кумакҳои гуногун расонида мешавад. Ҳар семоҳа Шӯрои собиқадорон ҷамъомад гузаронида, фаъолияти худро таҳлил ва нақшаи ояндаашонро баррасӣ менамоянд. Аъзои Шӯро дар тамоми чорабиниҳое, ки дар шаҳр баргузор мегарданд, фаъолона иштирок менамоянд.
Дастгирии давлат нисбати собиқадорон чигуна аст?
Мо-собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҳаёти ҳарамӯзаи худ дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем. Бояд таъкид созам, ки дар ҳамаи беморхонаҳои шаҳр барои собиқадорони ҷангу меҳнат ҷойҳои махсус ҷудо шуда, табобати ва хизматрасониҳои тиббӣ ройгон ташкил гардида, он таҳти назорати комиссияҳои махсус қарор доранд. Ҳамзамон, ба 50 нафар собиқадорони ҷангу меҳнати бохтарӣ аз ҳисоби раиси шаҳри Бохтар ҳар моҳ 30 сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда мешавад.
Дар соли 2023 чӣ нақша доред?
Нақшаҳо зиёданд. Ният дорем, ки дар ҳамокорӣ бо давлату Ҳукумати кишвар шароити зисту зиндагии собиқадоронро беҳтар карда, саҳми худро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон гузорем.
Собиқадорони ҷангу меҳнат таърихи зиндаи миллат, саҳифаҳои пурҷилои давлат ба ҳисоб рафта, маҳз нақлу ривоятҳои онҳо метавонанд, ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарстиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд.
Равзанаи ошноӣ
Назарова Тӯтихон Махсумовна 13 феврали соли 1953 дар шаҳари Кӯлоб таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии шаҳрҳои Тошканд ва Москва мебошад. Аз соли 1973 дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ, омӯзгори МТМУ №14-и ноҳияи Вахш, муовини раиси ноҳияи Ҷ. Балхӣ, котиби идеологӣ ва котиби якуми собиқ ноҳияи Коммунистӣ, муовини раиси Шӯрои колхозҳои вилояти Хатлон, сардори депортаменти “Почтаи тоҷик” дар вилоят, мувоини сардори ҷамъияти Тоҷикматлуботи вилоят, корманди китобхонаи марказии шаҳри Бохтар кору фаъолияти пурсамар дошт.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали “Хизмати шоиста”, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медали 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нишони сарисинагии “30-солагии Фронти халқии Тоҷикистон”, “Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар” сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Толиб Толибзода, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00