Прокуратура. 6346 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 642
Дар соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандон ба прокуратураи вилояти Хатлон 9073 муроҷиат ворид гардидааст.
Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 37,3%-и муроҷиатҳо вобаста ба замин, 15,1%-и муроҷиатҳо вобаста ба напардохтани алимент будаанд. Прокурори вилоят афзуд, ки 30,9%-и муроҷиатҳо қонеъ гардонида шуда, ба дигар шаҳрвандон муқаррароти қонун шарҳу тафсир дода шудааст.
Дар соли гузашта беш аз 1200 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст. Ба қавли прокурори вилоят, дар ин давра ҳуқуқи 97 ҳазор шаҳрванд барқарор гардидааст.
Бо мусоидати мақомоти прокуратура қариб 70 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат ба кормандон пардохт карда шудааст. 594 парванда вобаста ба вайронкунии қонуни танзим кушода шудааст. Барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон нисбат ба волидайн парванда ифтитоҳ ёфтааст.
Соли гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон 6346 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба як сол пеш сатҳи ҷинояткорӣ 11,4% паст гардидааст. Наздик ба 40 дарсади ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи вилоят ошкор ва омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...