А. ЮСУФЗОДА: «Барои ватанам хизмат мекунам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 786
Даргириҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Мардуми осоишта пайи наҷоти ҷони худ дар ташвиш буданд. Ҳавои гарми тобистон аз як ҷониб ва таҳдиди хатари силоҳбадастон аз ҷониби дигар мардуми минтақаи Кӯлобро ором намегузошт. Садҳо модар дар батнашон кӯдак, ҷон дар кафи даст, не шаб хобашон мебурду не рӯз...
Моҳбону Одинаева низ дар батнаш тифле дошт. Дар ташвиши он буд, ки бо кӯдаки дар батнашбуда ҷон ба саломат мебарад ё не?! Хушбахтона, 22 июли соли 1992 садои кӯдаке баромад, ки бо виқор гиря мекард. Дар дасти момодоя қарор наменишаст. Аҳли оила ҳама аз омадани ин тифли навзод хушҳол шуданд. Юсупов Камол-бобои ин тифл омада гуфт: “Набераи ман мисли Рустами Достон аст. Номашро Алиакбар мегузорам”. Ҳамин тавр, ин кӯдак Алиакбар ном гирифт.
Алиакбар рӯз то рӯз бузург мешуду осори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ӯ асар мекард. Рӯз то рӯз дар хунаш меҳри Ватан ҷӯш задан мегирифт. Ҳамеша ба падараш мегуфт: “Ман шахси низомӣ шуда, барои дифои Ватан хизмат мекунам”. Ана ҳамин ваъдаи Алиакбари ҷавон ба падараш буд, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид ва пас аз 4 сол онро хатм намуда, шахси низомӣ шуд.
-Муҳаббат ба ин сарзамини биҳиштосо дар қалбам ончунон ҷой гирифтааст, ки зиндагии дур аз Ватан бароям маъно надорад. Вақте дар курсии курсантӣ менишастаму устодон ба ман таълими низомӣ медоданд, неру мегирифтам. Чун фарзанди даврони Истиқлол, хизмати Ватан-модарро ба ҷо меорам,- мегӯяд бо ифтихор майор Алиакбар Юсуфзода.
Дар давоми таҳсил дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Алиакбар Юсуфзода ҳамчун ҷавони бағайрату илмҷӯ дар байни ҳамсафонаш намуна буд. Ба дарсҳои тайёрии тирандозӣ ва тактикӣ бо омодагии ҷиддӣ ширкат меварзид. Супоришҳои командиронро ба хубӣ анҷом дода, дар вақтҳои холигӣ ба мутолиаи адабиёти бадеию илмӣ машғул мешуд. Алиакбар бо донишу малакаи худ ба эҳтироми роҳбарону командиронаш ноил гардид. Ҳамин буд, ки бо чандин ифтихорномаю сипоснома қадрдонӣ гардидааст. Хусусан, бо Раҳматномаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо сарфароз гардонида шудааст. Роҳбарони Донишкадаи ҳарбӣ ба Алиакбар бовар карда, ӯро командири бахши тирандозӣ таъин намуданд.
Баробари хатм намудани таҳсил, Алиакбар бо фармоиши вазири мудофиа ба вазифаи командири ротаи тирандози савораи яке аз қисмҳои ҳарбии ноҳияи Мурғоб таъин карда мешавад. Алиакбари ҷавон, ки дар даврони инкишофёбӣ буд, дар ин қисми низомӣ ба зудӣ обрӯ пайдо кард. Бо афсарону сарбозон унс гирифт. Зиракӣ, ҷасурӣ ва уҳдабароии Алиакбар Юсуфзода буд, ки ба гирифтани рутбаи лейтенанти калон муваффақ шуд. Ҳамин тавр, пас аз як соли хизмат дар ин қисми ҳарбӣ бо фармоиши вазири мудофиа ӯро ба вазифаи комадири взводи курсантии қисми ҳарбии 09001-и шаҳри Душанбе таъин карданд. Дар инҷо ба курсантҳо донишу малакаи худро омӯзонд. Ҳайати шахсии курсантҳо Алиакбарро эҳтиром мекунанд. Ӯ дар давоми ду сол дар Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон садҳо ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносию ҳифзи якпорчагии Ватан омода кардааст.
Талошу ҷонбозиҳои шабонарӯзии Алиакбар буд, ки пас аз ду соли фаъолият дар ин қисми низомӣ ӯро командири ротаи курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегузоранд. Дар давоми фаъолият, дар ин вазифаи пурмаҳсул бисёр корҳои некро ба анҷом мерасонад. Барои пешбурди хизмати курсантони донишкада талошҳои бевосита мекунад. Ҳама заҳматҳои шабонарӯзии Алиакбар буд, ки ба ӯ рутбаи навбатии капитанӣ дода шудааст.
Ҳамин тавр, пас аз ду солу шаш моҳи адои хизмат дар он ҷо Юсуфзодаро ба вазифаи командири гурӯҳи чорабиниҳои махсус ба қисми ҳарбии 07017 ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мефиристанд.
-Алиакбар Юсуфзода ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар ин вазифа худро ҳамчун афсари масъулиятшинос муаррифӣ намуд. Интизоми хуб ва ахлоқу одобаш дар сатҳи баланд буд. Ӯ бо ҳамкорону зердастонаш муомилаи хуб дошт.
Камбудиҳои гуфташударо сари вақт дар сатҳи баланд иҷро менамуд . Бо ҳайати шахсии прапоршикони қисми ҳарбӣ машғулиятҳои тайёрии ҷангӣ ва интизоми ҳарбиро дар сатҳи баланд мегузашт. Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар дастурҳоро ба хубӣ омӯхта, дар фаъолияти ҳамарӯзааш истифода мебурд.
Алиакбар маҳорати баланди ташкилотчигӣ дорад. Ман умед дорам, ки ояндаи ӯ дурахшон аст, -мегӯяд собиқ командири қисми ҳарбии 07017 шаҳри Бохтар Баҳриддин Азаматзода.
Дар ин ҷо фаъолияти хуби касбӣ нишон медиҳад. Ба ҳайати зердастонаш ба хубӣ кор намуда, ба онҳо роҳи осон ва муфиди корро меомӯзад. Алиакбар ҷавоне ҳаст, ки ҳар куҷое равад, фаъолияти корхона дигаргун гашта, ҳама аз рӯи тартиби муқарраршуда, амалӣ мегардад.
Ҳамин тавр, Юсуфзода обруву эътибораш баланд шудан мегирифт. Ва билохира, ин ҷавони шуҷоъро ба вазифаи муовини командир оид ба корҳои сиёсӣтарбиявии қисми ҳарбии 07256 бовар карда, таъин мекунанд. Аз моҳи феврали соли 2022 то ин ҷониб Алиакбар дар ин вазифа поквиҷдонона ва бо ифтихор адои хизмат мекунад. Баъди панҷ моҳи хизмат дар ин қисми низомӣ, вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Мирзо ӯро бо рутбаи майор сарфароз мегардонад.
Маврид ба зикр аст, ки Алиакбар ҷисман ва рӯҳан солим буда, тамоми душвориҳои хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ паси сар карда метавонад. Аз ҳама муҳим тартибу интизоми намунавӣ дошта, сару либоси худро аҳамияти беш медиҳад.
Алиакбар Юсуфзода нигоҳ накарда ба ҷавонии худ пайваста дар талош аст. Ҳамеша назараш ба сӯйи оянда аст. Ба афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ростқавлию хизмати шоиста карданро тавсия медиҳад. Ин афсари ҷавон, ки ҳоло рутбаи майориро дорад, ният дорад, ки то рутбаи генералӣ бирасад.
Мо-ҳайати шахсии сарбозону сержантони қисми низомии 07256, ба майор Алиакбар Юсуфзода, муовини командир оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ барору комёбӣ таманно дорем.
Набиҷони Саидаброр ,
сарбози қаторӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00