Шахси поктинату рӯҳиясоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 595
Устод Саттор Қарахонов собиқадори матбуоти тоҷик буда, барои рушду нумӯи журналистони оянда нақши бағоят бузург мегузорад.
Ман низ шогирди устод ҳастам ва ифтихормандам, ки бо ӯ дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” якҷо фаъолият мекунам. Аз аввали ба рӯзномаи «Хатлон» омадан, барои омодасозии маводҳо ба ман кумак мекунад. Ҳар он чизеро, ки бароямон душворӣ кунад, аз ӯ пурсон мешавем ва барои мо-ҷавонони навкор тавсияву кумакҳои хешро дареғ намедорад.
Устод шахси самимӣ, шӯх ва дилписанд аст. Ӯ бо буданаш ва бо шӯхияш ба мо рӯҳияи тоза мебахшад.
Боре дар тарҷума ва навишти як-ду калимаи русӣ ба тоҷикӣ танқисӣ кашидам ва ҳангоми саҳифабандӣ, ки аслан ба котибот беҳуда даромадан мумкин нест, зиёд даро баро карда, хотирашро бо саволҳоям парешон кардам. Дар ҳамин лаҳза, шояд ба кор халал расонидам, ки бо ҳазлу шӯхӣ устод аз ман пурсид:
-Эй духтар, аслат аз куҷост? Ин бароям ғайриинтизор ва хеле аҷиб буд, чун асли худро намедонистам. Баъдан гуфтанд, ки ба бобоят занг зада пурс. Ба бобоям телефон карда, дар назди устод аз ӯ асли хешро пурсидам. Бобоям ҷавоб дод, ки асламон аз Балҷувон аст…
-Бисёр хуб, аммо инро ба он хотир гуфтам, ки барои фаҳмидани аслат овора шуда, ко
тиботро ором гузорӣ, - шӯхиомез гуфт устод. Пас аз ин дарк кардам, ки дар шӯхиҳояш низ касро тарбия мекунад.
Ин марди бузург имсол ҷашни мубораки 70 – солагӣ дорад. Барояш, пеш аз ҳама, тансиҳатӣ, умри дароз, хушиҳои рӯзгорро орзумандам. Ҳамеша ҳамроҳи мо - ҷавонон бошед. Солгарди умр муборак бошад, устоди азиз!
Ҷуз ин сухан нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...