Ҳаёту фаъолияти Саттор Қарахонов барои мо мактаб аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 464
Давоми беш аз даҳ соли фаъолият дар соҳаи журналистика бо устодони зиёди соҳа ҳамкорӣ доштаму барои мустаҳкам намудани донишу фаҳмиш ва қалами худ матлабҳоямро барояш нишон медодам. Аз миёни даҳҳо нафар устодон онҳое, ки ҳақиқатан кӯмак кардан мехоҳанду барои рушди ту маслиҳатҳои муфид медиҳанд, ангуштшуморанд. Саттор Қарахоновро аз ҷумлаи чунин устодон дарёфтам. Ҳар матлаберо, ки ба устод пешниҳод мекунем, ё барои таҳияаш маслиҳат мепурсем, аз нигоҳи касбӣ ба мо машварат медиҳанд. Инчунин, ӯ доиман аз таҷрибаҳои бисёрсолаи худ қиссаҳо карда, ҳамкорони собиқашро ба ёд меорад.
Яке аз хислатҳои неки дигари устод он аст, ки ӯ ҳамкорони худро фаромӯш кардан намехоҳад. Бинобар ин, бо истифода аз лаҳзаҳои ҷолиби корӣ дар бораи онҳо ҳикояву қиссаҳои шӯхиомез омода карда, ба табъ мерасонад.
Аз оне, ки доиман умеди аз сад сол бештар зистанро мекунад, хуб дарк мекунем,ки зиндагиро дӯст медорад. Ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ғанимат шуморида, онро пурсамар мегузаронад. Ҳаёту фаъолияти устод барои мо мактаберо мемонад.
Ба устод саломатии доимӣ ва умри саъдиёнаро таманно менамоям.
С. АЗИЗЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...