Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Таъсиси ҲНИ аз аввал кори хато буд


Таъсиси ҲНИ аз аввал кори хато буд



Дар шароити демократӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ тибқи талабот ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст. Ва дар ин миён дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ ҲНИ низ аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ аз мавҷудияти худ хабар дода, худро пуштибони Ватану миллат нишон доданӣ шуд.

Ҳамаи мо медонем, ки зиёда аз 99%- и аҳолии Тоҷикистонро новобаста аз пайравиашон ба ин ё он равия, мусулмонон ташкил медиҳанд. Маҳз таъсис ва ҳадафи ҲНИ аз ҳамин иборат буд, ки бо ба ин тарз номгузорӣ кардани ҳизбашон метавонанд бе ягон заҳмату кӯшиш тарафдорони зиёде пайдо кунанд, вале тирашон хок хӯрду ба ҳадаф нарасид.

Ислом, ки маънояш «итоат ба Худо кардан» мебошад, ба майнаи аъзои ин ҳизб баръакс ҷой гирифта, асли фаъолияти қонунии хешро аз хотир бароварданд ва чанг заданд ба сиёсати ифлос ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ хостори ба даст овардани ҳокимият шуданд. Ин ҳизби бо ном исломӣ дар шароите ба майдони мубориза омад, ки миллати тоҷик аз нигоҳи психологиву идеологӣ барои гузаштан ба ҷомеаи сирф исломӣ омода набуд ва ҳоло ҳам зарураташро намебинад.

Дар қадами аввал муассисон ва тарафдорони ин ҳизби ҳоло мамнуъ дар Тоҷикистон хостанд, ки аз камдонишии аксари мардум истифода намуда, ҳадафҳояшонро болояшон пиёда созанд. Ва бо ҳамин роҳ гузаштанд ба гумроҳкунии мардуми мисли худашон бефаҳму кундзеҳн.

Ба ин тарз тавонистанд шумораи тарафдорони худро зиёд кунанд. Сабабгори асосии даргириҳои дохилии асри гузашта маҳз саркардагони ҳамин ҳизби наҳс буданд. Хуни ин қадар мардуми бегуноҳ ба сарашон бор аст. Ба номи муқаддаси Ислом доғ оварда, эътиқоди мардумро нисбати ин дин халалдор намуданд. Таъриху миллат ин амали ноинсононаи саркардагони ин ҳизбро фаромӯш накардаву намебахшад!

Давлатбек Қурбонов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода