Дар як сатр
» » Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

12-02-2016, 13:19

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣҲайати гурӯҳи кории байниидоравӣ бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Муъминобод ва Шӯробод вобаста ба масъалаҳои пешгирии низоъҳои обӣ, сарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, истифодаи неруи занон дар масъалаи муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва иштирок дар равандҳои сулҳоварӣ машварат доир намуданд.

Дар ҷаласаҳо кормандони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, маориф, тандурустӣ ва сохторҳои қудратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон, занони фаъол, аъзои шӯроҳои занон, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуда, доир ба ташкили гурӯҳҳои зудамал аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳия, дастрасии маводи таблиғотӣ бо нишон додани рақамҳои телефон барои тамос ҳангоми муайян шудани ҳолатҳои номатлуб ва ё сар задани низоъ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои савдои ниёзи мардум, ташкили мубодилаи таҷриба байни занон дар соҳаи иқтисод ва кишоварзӣ ҳамчун таҷрибаи дурусти мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои ноҳияҳои ҳамсарҳад ва ғайра таклифу пешниҳоди худро иброз доштанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Конфронси бахшида ба Соли оила

Конфронси бахшида ба Соли оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Хабарҳо