Дар як сатр
» » Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

28-01-2016, 11:49

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Дар соли нави таҳсили 2016-2017 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ихтисосҳои нав, аз қабили «назария ва амалияи тарҷума (забонҳои англисӣ ва русӣ)», «сиёсат ва идораи давлатӣ», «таъриху фарҳангшиносӣ» ва ғайра таъсис дода мешаванд.

Тавре ки профессор Қудратулло Абдураҳимов, ноиби ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, зикр кард, соли 2015 дар донишгоҳ як қатор корҳои сохтмонӣ ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати «Хатлонсервис» таъмири бинои асосӣ ба маблағи 492005 сомонӣ, толори варзишӣ ба маблағи 315864 сомонӣ, толори маҷлисгоҳ ба маблағи 490000 сомонӣ, бинои хобгоҳи донишҷӯён ба маблағи 160000 сомонӣ ба анҷом расонида шуда, ҷамъ 1 миллиону 457 ҳазору 869 сомонӣ барои иншоотҳои номбаршуда сарф карда шуд.

- Аз тарафи ширкати «СобирСам» бинои таълимии чорошёна дар кӯчаи Дӯстии халқҳо (минтақаи НИХИ) ба маблағи 3033746 сомонӣ, парки технологӣ ба маблағи 694627 сомонӣ, ҷамъ 3 миллиону 791 ҳазору 373 сомонӣ барои иншоотҳои номбаршуда маблағ сарф карда шуд, - афзуд Қ. Абдураҳимов. - Донишгоҳ дар оянда бунёди бинои дуюми нави таълимӣ дар минтақаи Дӯстии халқҳо, ошхонаи донишгоҳ, деворҳои гирду атрофи донишгоҳ, китобхона, маркази компутерӣ, Кохи фарҳанг барои 420 ҷойро ба нақша гирифтааст.

Ба қавли ноиби ректор, равобити байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ сол то сол вусъат меёбад. То имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 25 муассисаи таълимии кишварҳои хориҷӣ созишномаю тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

- Дар озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон - «Навовари беҳтарин» магистранти донишгоҳи мо Олим Сайдалиев бо лоиҳаи «Сохт ва тарзи кори трансформатори моеъгӣ» сазовори ҷойи аввал дар бахши техника ва технология гардид, - идома дод Қ. Абдураҳимов. - Ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника-2015» донишҷӯёни донишгоҳи мо 11 лоиҳа пешниҳод намуда буданд. Дар ин озмун донишҷӯи бахши сеюми факултаи таърих ва ҳуқуқ Самандари Раҷабалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Соли гузашта дар олимпиадаҳои донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҳайати дастаи ДДҚ иборат аз 12 нафар ширкат варзиданд. Дар ин олимпиада чор донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Соли 2015 корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 40 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 60 мавзӯъро дар бар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 514 номгӯйи кор, аз ҷумла 55 номгӯйи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 448 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст карданд ва дар конфренсияҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ 226 гузориш намуданд. Фақат дар маҷаллаҳои илмии дар феҳристи нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия қайдгардида устодони ДДҚ ба номи Носири Хусрав дар соли 2015 зиёда аз 80 мақола нашр намудаанд, ки нишондоди беҳтарин дар ин самт маҳсуб меёбад ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта се баробар зиёд аст. Дар хориҷи кишвар бошад, устодони донишгоҳ 25 мақолаи илмӣ нашр кардаанд.

Н. Маъмурзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Бинои мактаб таъмир шуд

Восеъ. Бинои мактаб таъмир шуд

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА