Саҳми бойгонӣ дар нигоҳдории ҳуҷҷатҳои арзишнок
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 245
Кормандони Бойгонии давлатии Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ҳар як муроҷиаткунанда бо муоширати хуб муносибат намуда, саривақт хоҳишу мушкилоти онҳоро баррасӣ намоянд.
Ҳуҷҷатеро аз тарафи Бойгонии давлатии вилояти Хатлон ба муроҷиаткунанда пешниҳод карда мешавад, боиси ҳалли масъалаҳои баҳсноки шаҳрвандон, аз ҷумла оид ба баҳси замини наздиҳавлигӣ, манзили истиқоматӣ, ҳалномаи судӣ ва ғайра мегардад.
Ман дар ин соҳа солҳои зиёд фаъолият кардаам. Дар ин давра шоҳиди бисёр воқеаҳо шуда, ба ватану мардум содиқона хизмат намудаам.
Бойгонӣ махсусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хизмати зиёд намуд. Қисми зиёди мардуми шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят манзилҳои истиқоматии худро партофта, аз ватан гуреза шуданд.
Барои тақвияти фикри худ, як воқеаи дар он рӯзҳо рухдодаро ёдовар мешавам. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматии мардуми гуреза ба соҳибонашон баргардонида шуданд. Соли 2000-ум буд. Зане баъди чанд соли гурезагӣ ба бойгонӣ муроҷиат намуд, ки манзили истиқоматиашро нафари силоҳбадасте гирифтаасту ягон ҳуҷҷат дарёфт карда наметавонад, то хонаашро баргардонад. Мо –кормандони бойгонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аслии ба номи соҳиби хона додашударо дарёфт карда, ба зан пешниҳод намудем. Зан аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехт, ки пас аз чанд соли оворагӣ аз хоки давлати бегона ба хонааш бармегардад ва шукрона аз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон намуд, ки онҳоро ба Ватан баргардонидаанд.
Баъд аз чанд рӯз, дар мурофиаи судӣ хона ба соҳиби аслиаш баргардонида шуд. Худи ҳамон рӯз марди бадхашм ба бойгонӣ омада, бо таҳдид гуфт:
“Шумо чӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардед, ки хонаро аз дастам гирифтанд? Дар он ман зиёда аз 5 сол зиндагӣ дорам”.
Ӯ шак дошт, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаамон қалбакӣ ҳастанд. Зеро ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои аслиро аз байн бурда буд ва боварии комил дошт, ки дар ягон муассиса ҳуҷҷат ёфт намешавад. Ба ӯ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда нишон дода шуд, ки дар ягон ҷой номи он мард дарҷ нагардидааст. Мард ба хулосае омад, ки дигар аз дасташ ҳеҷ кор намеояд ва мушти сахте ба девор зада, бо овози баланд: “Дар вақташ дар дастам силоҳ доштам, агар мефаҳмидам, ки ҳамин “идорача”-и шумо имрӯз ба ман монеъ мешавад, аввал ҳаминро метаркондам”,-гӯён ва ғазаболуд баромада рафт.
Албатта, ҳоло ӯ ба қаҳру ғазаб меояд, зеро дигар силоҳбадаст нест ва вақти он беадолатию нооромиҳо низ гузаштааст. Акнун мардуми тоҷик аз ин гуна силоҳбадастону авбошон раҳоӣ ёфтаанд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо, ки бесарусомониҳо авҷ гирифта буд, барои дарёфти ҳуҷҷатҳои нодир саҳми кормандони бойгониҳо хеле калон буд.
Имрӯз, ки илму технология дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бойгониҳо тараққӣ кардааст, хизматрасонӣ ба мардум беҳтару хубтар гардида, кормандони бойгониҳо кӯшиш менамоянд, ки сиёсати давлатро дар соҳаи бойгонидорӣ пеш бурда, ба халқу ватани худ софдилона хизмат намоянд.
Зуҳро САФАРОВА,
мудири Бахши бойгонии
Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00