Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аслиҳаи ягонаи мубориза бо вабоҳои асри навин


Аслиҳаи ягонаи мубориза бо вабоҳои асри навин




Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, истифодаи технологияҳои навин дар низоми таҳсилот тақозо дорад, ки раванди таълиму тарбия ва усули тайёр намудани мутахассисон ба шароит ва талаботи муосир мувофиқ гардонда шавад.

Худшиносиву ватандӯстӣ аз як тараф ҳамчун омили пешрафти кишвар ба ободонию сарсабзӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ин дастовардҳо ифтихори ватандориро баланд бардошта, ба амнияту таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти андешаҳои баёнгардида моро зарур аст, ки омилҳои ваҳдатофарӣ ва таҳкимбахши худшиносию ифтихори ватандориро дар равону сиришти ҳар як шаҳрванд талқин карда, рушди устувори кишварро таъмин намоем.

Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархӯрдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Гузаштаи таърихӣ ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки “намояндагон”-и дини ислом дучор меоянд.

Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд.

Аллакай механизми сӯйистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон маълум аст: як гурӯҳ ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд ва тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро зери кадом шиори диние, ки хоҳанд амалӣ мекунанд ва пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳон дошта, ҳамаи инро аз “қонуни шариат” мегӯянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин гуфта буданд: “Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Дар ин росто бояд қайд намуд, ки вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм (ифротгароӣ), бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Маҳз, аз ин нигоҳи назар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» амалӣ саривақтӣ мебошад.

Аловуддин Амирзода,
мудири бахши кор бо ҷавонони
Раёсати кор бо ҷавонон ва
варзиши вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода