Дар як сатр
» » Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

1-07-2015, 17:19

Келин ганда ё хушдоман?

Оила ва оиладорӣ аз рукнҳои муҳими ҷомеа мебошад, зеро солимӣ ва покизагии оила асоси солимию покизагии ҷомеа аст. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ оид ба солимгардонӣ ва таҳкими вазъи оиладорӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, дар оила ва оиладорӣ дар рӯзгори мо ҳанӯз ҳам бисёр масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки барҳамхӯрии оилаҳо ва барпошавии ҷангу ҷидол дар миёни зану шавҳар ҷумлаи чунин мушкилотанд.

Сабаби ин нофаҳмиҳо мушкилоти иҷтимоӣ, шояд гоҳе тангдастӣ, бекорӣ, ҳамчунин коста шудани маърифату маданият, пурра надонистани ҳуқуқу масъулият, ноомодагӣ ба ҳаёти мустақилона ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ миёни зану шавҳар мебошад.

Аз тарафи дигар, баъзе аъзои бузургсоли оила намегузоранд, ки духтаронашон дар мактаб таҳсил кунанд. Онҳоро аз синфи нӯҳ аз таҳсил мебароранду иҷборан ба шавҳар медиҳанд. Фикр намекунанд, ки онҳо ҳатто ноболиғ ҳастанд, назокати оиладориро намефаҳманд, тарзи дурусти муомиларо намедонанд. Аз ин рӯ, гоҳе мешавад, ки духтарони ҷавон бо хушдоманҳои худ забон ёфта наметавонанд.

Падару модар гумон мекунад, ки қарзи худашонро аз дӯши худ соқит намудаанд, аммо онҳо ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Магар беҳтар нест, ки духтаронашонро ба курсҳои кӯтоҳмуддат бурда монанд, то эшон як касбро ба пуррагӣ аз худ намояд?

Мегӯянд, фарзанди зани боҳунар боҳунар мешавад. Имрӯзҳо хушдоманҳо нисбати келин зулм мекунанд, келинро хизматгор меҳисобанд...

Аслан модаршӯҳо бояд келинро ҳамчун фарзанди худ қабул кунанд, аммо на ҳама чунинанд. Бархе ҳатто дар оддитарин масъалаҳои оиладорӣ ба келинҳои худ фишор меоранд. Яке аз масъалаҳои дигар ин аст, ки қисмати зиёди ҷавонписарон ҳам соҳиби маълумот нестанд. Онҳо оила бунёд мекунанду як ду моҳ бо ҳамсар зиндагӣ намуда, баъд бо тақозои рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, моҳҳо ва шояд солҳо аз оилаи худ дур мемонанд.

Малоҳат Усмонова, равоншиноси Маркази буҳронии занон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин робита чунин мегӯяд: "Дар масъалаи рост нагирифтани келину хушдоманҳо як сабаб ин аст, ки шояд хушдоман мехоҳад мавқеашро зудтар пайдо намояд. Фармонфармоии худро дар муносибат бо келин ҷорӣ намояд. Баъзе хушдоманҳое ҳастанд, ки худ ҳам дар гузашта мавриди азобу тазйиқ аз ҷониби хушдоманҳо қарор гирифтаанд ва фикр мекунанд, ки ҳоло бояд аз келин "интиқом" бигиранд. Дили инсон намехоҳад, ки ҳатто як лонаи гунҷишкро вайрон намояд, аммо баъзе хушдоманҳо ва хоҳаршӯҳо бо сабабҳои ночизе аз писар ё бародари худ хоҳиш мекунанд, ки ҷавоби занашро диҳад. Аз ҷониби дигар, агар ҷавонро муҳаббаташ нисбат ба занаш зиёд бошад, рашки модар зиёд мегардад, дар натиҷа келин зери фишори равонӣ қарор мегирад".

Як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, дар мавриди азиятҳои равонӣ аз сӯи хушдоманаш чунин қисса кард: "Намедонам, ки хушдоманам бо кадом сабабҳо маро чашми дидан надорад. Ҳамеша таъкид мекунад, ки то он рӯзе ман ҳастам, туро ин хел намегузорам, коре карда зиндагиатро пароканда мекунам. Шавҳарам бошад, бо ман муомилаи хуб дорад. Вай аз ин ҳама кор огоҳ ҳаст, аммо "чӣ кор кунам модарам аст" мегӯяд. Хушдоманам аз дастам гирифта, аз хона берунам кард ва ҳатто нагузошт, ки писараш моро то хонаи модарам бибарад. Гуфт "агар аз қафои занат рафтӣ, дигар ман ин хел писар надорам!" Тӯли панҷ моҳ дар хонаи модарам рӯзамро гузарондам. Як рӯз шавҳарам ба аёдати ману фарзандаш омаду маро гирифта ба квартира бурд. Ҳоло бо хушдоманам рафтуомад надорем…".

Фарида (номи мустаор) зани ҷабрдида, мегӯяд: "Хушдоманам намехост, ки мо хушбахт бошем. Ҳамеша мегуфт, ки маро келин карданӣ набуд, аммо барои хушбахтии писараш ба хонаи модарам ба хостгорӣ рафтааст. Ман, ки духтари шаҳрӣ ҳастам, аз ӯҳдаи иҷрои кору бори деҳот ба хубӣ баромада наметавонам, хушдоманам баҳонаҳо пеш оварда, хусуру шавҳарамро бо ман ҷанг меандохт…."

Аммо Манижа, як сокини шаҳр, мегӯяд, ки "Рӯзе машғули коре будам, ногаҳон аз хонаи ҳамсояамон садои баланде баромад. Гумон кардам, ки ягон фалокат рӯй додааст. Ба наздашон рафтам, ки хушдоману келини ҳамсояро гапашон гурехтааст. Ба гӯшам ҳарфи бешармонаи келин расид, ки мегуфт: "Дар ин хона шавҳари ман кор карда меояду шуморо мехӯронаду мепӯшонад! Ман келин шуда омадаму гирду атрофи хонаи вайронаю нопокатонро тоза кардам! Шумову духтаратон танбалед, ман хӯрок мепазам, шумо бошад, тайёрхӯр ҳастед…" Хушдоманаш бошад, аз сари алам мегуфт: "Сад маротиба бар модарат лаън…, ки духтарашро чунин тарбия кардааст".

Хуллас, дар ин масъала назарҳо ва далелҳо гуногунанд ва имрӯз ҷомеаро зарур аст, ки тариқи васоити ахбори омма фарҳанги баланди ҳамзистиро тарғибу ташвиқ намояд. Таҳаммулпазирӣ, хирад ва ҳамдигарфаҳмӣ инсонҳоро ба саодат мерасонад. Ҳамин тавр не?

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

Маориф ва илм, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният, Таҳқиқи журналистӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ