ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №16
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 80
![]()
Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар деҳаи Кафтархонаи деҳоти Худоёр Раҷабов майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-ро мавриди истифода қарор дод.
Сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозии футбол тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Неъматов Абдулло ба маблағи 450 000 сомонӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ барои тарбия ва рушди саломатии ҷавонон аҳамияти калон дорад ва дар оянда низ чунин лоиҳаҳо барои афзун намудани имкониятҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръат идома меёбанд.
Сокинон ва наврасон бунёди майдончаи нави варзиширо бо хушнудӣ истиқбол карда, барои тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим омодагии худро ба истифодаи он изҳор намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи иншоот аз иқдоми шоистаи соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки таҳкими тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Умарҷон Тошматов,
“Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...