Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАК БАРОИ БАҲИСОБГИРИИ САРШУМОРИ БУЗИ МОРХӮР ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН


ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАК БАРОИ БАҲИСОБГИРИИ САРШУМОРИ БУЗИ МОРХӮР ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН




Шуруъ аз 24 феврали соли равон кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои шикорӣ экспедитсияи муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори бузи морхӯр (пармашох) оғоз намудаанд.

Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Шамсидин Шоҳин ва Дарвоз идома дошта, ҳадафи он муайян намудани вазъи паҳншавӣ ва шумораи ин намуди нодири ҳайвонот мебошад.

Қобили зикр аст, ки бузи морхӯр (пармашох) намуди осебпазир ба шумор рафта, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN Red List), замимаи II-и Конвенсияи CITES ва инчунин, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода