ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 98
![]()
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи кормандони мақомоти прокуратура ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, тамоми кормандони соҳаро табрику таҳният гуфта, барояшон дар татбиқи рисолати бардушдошта муваффақиятҳо хоҳонем.
Дар Тоҷикистон дар самти ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Дар ин замина шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ устувор гардиданд. Таъмини волоияти қонун ва риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо тибқи меъёрҳои конститутсионӣ муқарар гардида, ба салоҳияти истисноии мақомоти прокуратура дохил мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромад ва суханронии худ борҳо зикр намудаанд, ки “Мақомоти Прокуратура яке аз ниҳоди калидӣ ва муҳимми низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надошта, иҷрои ҳатмии қонунҳоро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва дар байни шаҳрвандон назорат намуда, дар кишвар фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад”.
Бояд тазаккур дод, ки вазифаи асосии мақомоти прокуратура ин пеш аз ҳама аз таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодии шаҳрвандон, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи давлат ва ҷамъият иборат мебошад.
Инчунин, дар ин раванд баррасии муроҷиати шаҳрвандон, тафтишу таҳқиқи омилҳои ҷиноӣ, назорати истифодаи замин, иҷрои нақшаи андоз, мубориза бо фасод, ҳифзи муҳити зист, назорати таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, муҳофизати меҳнат ва таъмини техникаи бехатарӣ, мубориза бо омилҳои террористӣ – экстремистӣ ин бевосита ба иҷрои санадҳои эътиноии прокурорӣ ва дар амал пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар марҳилаи ҳозира ба ҳисоб меравад. Инчунин таҳкими қонуният ва назорати тартиботи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти прокуратура эътироф гардидааст.
Назорати прокурорӣ дар бахши риоя ва иҷрои қонунгузорӣ, ки ба ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои инсонӣ ва шаҳрванд нигаронида шудааст, самти аввалиндараҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура ба ҳисоб меравад.
Прокуратураи вилояти Хатлон бо назардошти вазъи имрӯзаи назорати иҷрои қонун, самтҳои афзалиятноки корҳои назорати прокурорӣ барои муайян намудани натиҷа ва амалӣ намудани ҳадафҳои нақшавӣ чораҳои зарурӣ анедшида, ба натиҷаҳои назаррас дар ин самтҳо ноил гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки барои арз ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоистаи кормандони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас медиҳад. Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти ҳайати шахсиро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд зиёд менамояд.
Чунон чи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд, ки мо бо иродаи мардум роҳи бунёди онро пеш гирифтаем, нақши прокуратура ниҳоят муҳим аст. Чунки фаъолияти он аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Дар баробари ин, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.”
Боварии комил дорам, ки кормандони прокуратураи вилоят вазифаҳои пурмасъули хешро вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дили софу иродаи қавӣ иҷро менамоянд.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи кормандони прокуратураи вилоятро бори дигар ба муносибати иди касбии мақомот табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ ва дар вазифаи пурмасъули хизматӣ барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу субботи ҷовидона орзу менамоям.
Идатон муборак!
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...