Дар як сатр
» » Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

16-06-2015, 16:03

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Дар шароити имрӯза терроризм зиёдтар характер ва хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ гирифта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда истодааст. Ин раванд дар ҳақиқат хатарзо буда, метавонад ба дилу дидаи мардуми дунё тарсу ҳарос, нобовариву нигаронӣ, диққату хотирпарешониро зиёд кунад ва мисли маризии ноаёни табобатнашаванда дар байни инсоният зоҳир шуда, дар маҷмӯъ бадбахтиҳои гӯшношунидро ба миён оварад.

Имрӯз ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки таҳдиди тундгароӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Чанд муддат пеш вақте дар бораи ваҳшонияту кирдорҳои ношоистаи ҳаракати террористии ДИИШ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ матолиб нашр мешуданд, андешаҳое нисбати ин ҳаракат ба миён омаданд, ки барои чӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар дар бораи ин ҳаракати террористӣ, ки аслан аз марзу буми мо ҳазорҳо километр дур аст, мо бо нигаронӣ менависему маводҳо рӯйи чоп меорем. Ва, инак, масофаҳо ва марзҳои муқовимати тундгароён аз Ховари Миёна бурун шуда, рӯй ба тамоми кишварҳо ниҳода истодааст.

Аз рӯйи таҳлилҳои коршиносони сиёсӣ, ҳамаи масоили тезутунди ҷаҳони имрӯза маҳз аз тарафи абарқудратҳо тарҳрезӣ шуда, сониян ҳаллу фасл мегарданд. Барои мисол, таърихи ҷангҳои 35-40-солаи Афғонистон маҳз ҷанги сода ва муқаррарӣ набуда, ҷанги идеологӣ ва муқовимати абарқудратҳо ба ҳисоб меравад. Ғарб ва Амрико ба воситаи институтҳои сиёсии худ бо ном «муҷоҳидин»-ро кашф намуда, бо дахолати онҳо артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун шуд. Сониян, барои идома додани мақсадҳои ғаразноки хеш «Толибон»-ро рӯйи кор оварданд. Бо ин роҳ бозори худро гарм намуда, давра ба давра мақсадҳояшонро амалӣ менамуданд. Баъдан фикри «ҷолибтар»-е дар шакли нав бо номи ДИИШ рӯйи кор оварданд, ки он метавонад ба муқобили толибон истодагарӣ намуда, танҳо ниқоб ва мавқеашонро фарохтар намуда истодаанд. Мусаллам аст, ки Афғонистони ҷангзада дар ояндаи наздик маҳз маркази даргириҳои террористони ҷаҳон хоҳад шуд. Аз ин рӯ, моро зиракиву бедории сиёсӣ зарур аст, зеро ин кишвари ҳамзабону ҳаммарз тақдираш ва масоили печ дар печаш барои мо ноошнову бегона нахоҳад буд ва метавонад ба ҷавонон ва кулли ҷомеаи мо низ таъсири манфӣ расонад.

Дар ин ҷода коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони имрӯза Самуелла Пойя дар яке аз таҳлилҳояш фармудааст, ки «Афзоиш ва ташаккули гурӯҳҳои тундгаро ба ташаккули варами саратон монанд аст, ки варами саратон дар ҳуҷраҳои заифи организм ташаккул меёбад. Афғонистон ҳам қисмати заифи минтақа ба шумор меравад ва маҳз дар ҳамин кишвар заминаи ташаккули гурӯҳҳои тундгаро, ки дар маҷмӯъ, барои минтақа хатар доранд, мавҷуд аст».

Амалҳои ғайриинсонии террористон пеш аз ҳама ба муқобили мардуми одӣ дар ҳудудҳои як қисми давлатҳои дунё, аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерея ва дигар манотиқ ба миён омада, оҳиста-оҳиста доман паҳн намуда истодааст. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоми солимфикрон мавқеашонро нисбати ҳаводиси баамаломада муайян насозанд, хатари пешомада аз ҷангҳои ядроӣ дида бадтар аст.

Инсоният дар тӯли мавҷудияти худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки барои худ ва ояндагон чизеро мерос гузорад, ки имрӯзиён аз он дурусту пурсамар истифода намуда, раванди зиндагии худро муътадилу зебо гардонад. Кушторе, ки нисбати Фархунда рух дод, ваҳшиёният ва ноинсонист. Дуруст аст, ки дар ин лаҳзаҳо дар тамоми манотиқи олам касеро ба қатл мерасонанд, ба касе зиёну дигареро ҳаёташро доғдор месозанд, вале на дар чунин шакле ки дар рӯзи наврӯзии 19 март, рӯзи равшан дар байни издиҳоми бузург, дар маркази як давлат бе мулоҳиза, бе тафтиш, бе ҳукми суд, бе далелу исбот чун асрҳои миёна шахсро таҳқир, масхара, ваҳшиёна бо азобу уқубат намоишкорона ба қатл расониданро таърих ёд надорад.

Бадбахтӣ сари он аст, ки ҳодисаи нангини баамаломадаро маҳз ба диндорону мусулмонон нисбат медиҳанд. Ҷойи пӯшида нест, ки қариб дар тамоми ҳодисаҳои нанговар ё мусулмонон истифода мешаванд ва ё бо нишондоди дигарон мусулмонон онро амалӣ месозанд.
Гаравидани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои бо ном исломӣ, вале дар асл террористӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа аст. Боиси ташвиш аст, ки иддае аз ҷавонони ноогаҳ ва дар сатҳи пасти маънавӣ қарордоштаи мо низ амалҳои ба муқобили Фархунда ба миён омадаро кӯр-кӯрона дастгирӣ намудаанд, ки камоли беақлист.

Маълум аст, ки вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсиррасон аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, мафкура ва вазъи равонии ҷомеаро ба татбиқи барномаҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва идеологии миллату давлат ҳамоҳанг созем. Дар ин раван аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасе ба миён омада истодаанд, ки то он масоил ба таври реалӣ ва мусбат ҳал шаванд.

Ҷавонон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳамчун қувваи асосӣ дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризму экстремизм муттаҳид шуда, мубориза баранд. Пеш аз ҳама, ҷавонон чун табақаи неруманди ҷомеа барои инкишофу солимии шаҳрвандон, равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, варзиш, адабиёту маърифат ва баланд бардоштани қудрати мудофиавии Ватани азиз ҳамеша дар саъй ва талош бошанд. Танҳо дар ин сурат метавонем муваффақ ба корҳои созандагиву дарёфти зиндагии шоиста гардем. Ман аминам, ки ҷавонони шарафманди Тоҷикистони азиз ба масъалаҳои сиёсии рӯзмарраи ҷаҳони муосир хуб сарфаҳм рафта, барои созандагӣ ва амнияти кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Сафаралӣ СОБИРОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон

"Хатлон", №26, аз 11 июни соли 2015




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Сиёсат, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо