КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Имрӯзҳо туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне “Шоҳнома”-и беназири Абулқосим Фирдавсӣ, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хонаи халқи шарифи Тоҷикистонро зинат хоҳад бахшид, ба ҳар як хурду бузурги халқи кишвар ҳадяи арзандаву мондагор ва хушнуд-кунанда мебошад.
Дар асл, китоб ин ҳикмат, хирад, ақл, огоҳӣ, дониш, илм, ҷаҳонбинӣ ва неруи бузурги дилхоҳ халқу миллат аст. Бинобар ин, мутафаккирони бузурги халқи тоҷик ин нуктаро бо хубӣ дарк намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки маҳз ба воситаи китоб наслҳои хешро дар руҳияи ҳисси инсондӯстӣ, башардӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, халқу миллат, некиву накукорӣ, сулҳу оромӣ, бунёдкориву созандагӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва озодиву озодихоҳӣ ба камол расонанд. Аз саҳфаҳои таърихи қадимаи халқамон маълум аст, ки мардуми тоҷик, ки аслан китобдӯстанд, маҳфилу ҷамъомадҳои зиёди илмиву амалии фарҳангӣ, аз қабили афсонаву қиссагӯӣ, шеъру шеърхонӣ, байтбараку чистонгӯӣ ва ба монанди ин ташкилу гузаронида мешуданд.
Дар давоми асрҳои баъдина “Шоҳномахонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ” барин маҳфилҳо, ҷамъомадҳо ва нишастҳо дар байни мардум хеле маълуму машҳур буд, ки чунин маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар ташаккул ва такомули ҷаҳонбинӣ, тафаккур, ва қобилияти зеҳниву фикрӣ ва покизагиву зебоии ахлоқи мардум нақши хеле бузургро мебозиданд.
“Шоҳнома” асарест, ки инсонро ба сӯи ворастагӣ, сулҳу салоҳ, инсондӯстиву башардӯстӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, некиву накукорӣ, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкориву созандагӣ, хушбахтиву саодатмандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва мубориза бурдан бар зидди қувваҳои баддӣ, зулму истибдод ва беинсофиву беадолатӣ даъват мекунад.
Файласуфи бузург бо“Шоҳнома”-и худ бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки тамаддуни мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон, дар илму адаб, фарҳангу маърифат, маънавиёту ахлоқ ва ҳикмати зиндагии инсонӣ ва манзумаи фитриву фикрӣ мақому манзалати олитаринро соҳиб аст.
Бояд таъкид намуд, ки ин баҳоро на танҳо худи ҳакими бузург додаасту халос. Халқи тоҷик ва таъсири тамаддуни онро намояндагони аҳли сиёсат илму адаб ва фарҳанги намояндагони ақлу хиради дигар халқҳо дарк карда, ба ин баҳо ва қадрдонӣ ҳамовоз гаштаанд.
Масалан, дар ин боб И. Сталин чунин изҳори андеша кардааст: “Ман мехоҳам чанд сухане дар бораи тоҷикон бигӯям. Тоҷикон халқи махсусанд. Онҳо на ӯзбеканду на қазоқу на қирғиз. Онҳо тоҷиканд. Аз ҳама қадимтарин халқи Осиёи Миёна. Тоҷик маънои тоҷдор буданро дорад ва тоҷикон сазовори ин ном ҳастанд. Аз тамоми халқҳои мусулмони Иттиҳоди Шуравӣ тоҷикон ягона халқияти Эронианд, на туркӣ.
Тоҷикон халқе ҳастанд, ки аз байни равшанфикронашон шоири бузург Фирдавсӣ баромадааст ва беҳуда нест, анъанаҳои фарҳангии онҳо аз ӯ сарчашма мегиранд... Тоҷикон халқи махсус ва дорои фарҳанги бой мебошанд”.
Ё худ, дар ин ҷо боз суханони нависандаи шинохтаи Туркманистон Бердӣ Карбобоевро меорем, ки чунин гуфтааст: “Мардуми тоҷик асрҳои аср дар байни халқҳои ашроф хатту савод, фарҳанг, одоб, расму русум ва дигар арзишҳои маънавии умумибашариро паҳн кардаанд. То Инқилоби Октябр дар ур-баи туркманҳо, қишлоқи ӯзбекҳо, дар авули қазоқҳою қирғизҳо ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз тоҷикон буданд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран тоҷик буд, калонтарин муллоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар назди мударрисони тоҷик таҳсил дидаанд. Тоҷикон муал-лими ҳамаи мо, устоди моанд”.
Дар ин росто бояд нуктаи муҳимми дигарро зикр намоем, ки Абулқосим Фирдавсӣ асари ҷовидона “Шоҳнома”-и худро ғолибан ба забони тоҷикӣ– форсӣ - дарӣ навиштааст. Устод С. Айнӣ дар мақолаи“Дар бораи Фирдавсӣ ва“Шоҳномаи ӯ” дар бораи забони ин шоҳасар чунин навиштааст: “Забони“Шоҳнома” содатарин ва софтарини забонҳои классикони Эрон аст”.
Ҳамин тавр, “Шоҳнома”-и беназири Абулқосим Фирдавсиро мо метавонем бо ифтихор ва итминони комил ҳамчун махзани(ганҷинаи) таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, инсону инсонгароӣ, ва-тану ватандорӣ, озодиву озодипарастӣ, сулҳпарастӣ, ифтихори миллӣ, маърифатӣ, хирадмандӣ, некиву накукорӣ, иттиҳоду ягонагӣ, оилаву оиладорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ эътироф намоем. Зеро мутолиаи ин шоҳасари оламгир дар қалб ва андар мағзи ҳар як хонанда хислатҳои беҳтарини ахлоқи ҳамидаи инсониро ташаккул ва рушд дода, ӯро то ба дараҷаи инсо-ни комил ба воя мерасонад.
“Шоҳнома”, ки саропо тарбия аст, устодон, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд дар ҳар як лаҳзаи дарс ва чорабиниҳои тарбиявӣ, вобаста ба мавзуъ аз роҳу равиш, тарзу усул ва воситаҳои фаъол ва навин аз ин шоҳасари беназир самаранок ис-тифода намуда, насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи ахлоқи неки инсонӣ тарбия намоянд. Хусусан дар рафти машғулиятҳои таълимии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ахлоқ, маърифати оиладорӣ ва ғайра бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илму дониш, маърифатнокӣ, ахлоқ, ғанӣ гардонидани хазинаи луғавӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии шогирдон самаранок истифода намудан ба манфиати ҷомеа мебошад.
Тақдими“Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи тоҷик ҳадафмандона буда, ғояи баланди худшиносиву худогоҳӣ дорад ва ҳар фарди ин миллатро муваззаф месозад, ки баҳри пойдориву устувории давлат бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон онро ҳамчун китоби рӯимизии худ қарор диҳад, ин шоҳасари безаволро сидқан омӯхта, таҳлил карда, онро ба сифати роҳбаладу роҳнамо ва ситораи қутбнамои зиндагии хеш самаранок истифода барад.
Қудратулло АБДУРАҲИМОВ,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
