«ҲУСНИ ДИЁР” ЧОП ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 январ, Бахш: ---, Боздид 62
Китоби нави Сафар Амирхон таҳти унвони “Ҳусни Диёр” ба табъ расид. Китоб соли 2025 аз ҷониби нашриёти “Адиб” чоп шуда, 80 саҳифаро дар бар мегирад.
Дар китоб зебоии табиати Тоҷикистон, арзишҳои фарҳангӣ, суннатҳои миллӣ, худшиносӣ ва симои Ватани соҳибистиқлол бо забони шево ва нигориши таъсирбахш инъикос ёфтаанд. Муаллиф тавассути тасвирҳои зинда ва баёни самимӣ кӯшидааст, ки эҳсоси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар дили хонанда бедор намояд. “Ҳусни Диёр” барои доираи васеи хонандагон, бахусус ҷавонон, донишҷуён ва дӯстдорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Чопи чунин китобҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим доранд, ин-тизор меравад, ки асари мазкур мавқеи худро миёни хонандагон пайдо намояд.
Сабринаи САЙВАЛӢ, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00