Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳаёт мубориза аст


Ҳаёт мубориза аст


Мегӯянд, ки ташвишу ранҷҳо, ғаму андуҳ зиндагиро меофарад ва инсонро дар кураи тобдори худ мегудозад ва ба ин васила ӯро ба камолот расонда, дарси зиндагӣ ва панди ҳаёт меомӯзонад. Кам нестанд ашхосе, ки ҳаёти сангинеро бо азобу уқубат, ранҷ, ночорӣ, танҳоӣ, камбағалӣ, бефарзандӣ, ҳаёти маъюбӣ паси сар карда, имрӯз, дар қатори дигарон бо сари баланд умр ба сар мебаранд. Қаҳрамони матлаби мо, ки маъюб асту аз як пояш маҳрум шудааст, роҳи пурпечутоби зиндагиро тай намуда, имрӯз, шукронаи тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот мекунад. Ҳаёти ибратомӯзи ин марди наҷиб барои бархе аз нафароне, ки аз ҳаёт ноумеданд, дарси зиндагӣ мебошад.



      Соли 1992 дар як садамаи нақлиётӣ пойи Алиҷон сахт маҷрӯҳ мешавад. Духтурон илоҷи дигар наёфта, пойи ӯро буриданд. Дар рӯзҳои аввал худро бад ҳис мекард. Баданаш баъд аз ҳодисаи нохуш ончунон дард мекард, ки ба марг ҳам розӣ буд. Аммо ӯро наздиконаш тасаллӣ дода, дилашро ба ҳаёт гарм мекарданд. Рӯзу моҳҳо мисли оби дарё гузаштанд. Ниҳоят, баъди солҳои интизорӣ, соли 1995 ӯ ба як духтараки ҳамдеҳааш зиндагии оилавӣ ташкил мекунад. Онҳо оилаи хушбахте дар маҳаллаи худ буданд. Бузургони мо мегӯянд, ки зиндагӣ пас аз оиладорӣ оғоз меёбад. Ҳаёти акои Алиҷон низ ҷараёни тоза гирифт. Солҳои аввали хонадорӣ барои ӯ сахту сангин буд. Зеро бо як пой, ки бо асобағал ғалтону хезон кор мекард, зиндагиро пеш бурдан он қадар осон набуд. Аммо ӯ таслим нашуд. Нангу номус ӯро водор сохт, ки қатори одамони солим кор кунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ӯ дар бозор ба хариду фурӯши сабзавот машғул шуд. Атрофиён ҳар гоҳ мисли мӯре меҳнат кардан ва ҷидду ҷаҳд ва ҳаракати ӯро дида, шукронаи ҳаёти солими худ мекарданд. Ба қавли қаҳрамони мо, рӯзе яке аз савдогарони бозор ба дӯсти дар барашбуда нигариста мегӯяд: “Инро бин. Мо дасту пойи равон дорем, аммо боз ҳам аз зиндагӣ менолем. Нафсамон он қадар бад аст, ки боз бисёртар талаб мекунем. Офарини ҳамин марди маъюб. Бо вуҷуди маъюбият доштан барои таъмини зиндагӣ ва аз касе камӣ надоштани зану фарзандаш кӯшиши зиёд мекунад. Худо қувваташ диҳад”. -Ба одам молу пул ёрӣ медиҳад, албатта. Вале як сухан, як рафтор метавонад зиндагии касро дигар кунад. Баъди шунидани суҳбати ин ду нафар куртакурта гӯшт гирифтам. Ва як бори дигаре ҳангоми рондани матарол кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ маро дида, гуфтанд: “Ако, гузашта рафтан гиред. Мефаҳмем, шумо ҳам зиндагӣ доред”. Ин суханон барои ман на таҳқир аст, балки маро водор месозад, ки боз ҳам кӯшишу ғайрат кунам,-бо ҳиссиёти баланд нақл мекунад акои Алиҷон Захаров. Акои Алиҷон аз зумраи онҳое мебошад, ки ҳаётро қадр ва барои нангу номус зиндагӣ мекунад. Ба ҳаёти маъюбӣ аллакай одат кардааст. Хуштарин айёми умрашро дар бари зану фарзандонаш мегузаронад. 12 сол мешавад, ки ӯ бо матаролаш зиндагии худро пеш мебарад. Бори мардум, аз қабили орд, шефир, семент ва ғайраро ба манзилашон бурда мерасонад. Фарзандаш Аскар дар бозор ба хариду фурӯши либосҳои кӯдакона машғул мебошад. Шукронаи тинҷиву осудагӣ, баракати зиёд мекунад. Аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат шукрона мекунад. Ҳоло барои хонадор кардани фарзанди ягонааш Аскар омодагӣ мебинад. Мегӯяд, ки «Тӯйи фарзандамро бубинам, наберачаҳоямро дар дастам гирифта, навозиш кунам, дигар армон надорам». Илоҳо, акои Алиҷон ба ин орзуи некаш бирасад!

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода