Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Як панҷа ҳарф...
Зиёд мебинему мешунавем, ки нафаре бо вуҷуди маъюбӣ доштан чӯбтароши чирадаст асту дигаре донандаи забонҳо ва илмҳои замон, яке эҷодгари сухани бадеъ ва дигаре ихтироъкору устои таъмиргари таҷҳизоти техникӣ. Ин ҳама баёнгари ҳамон маъниянд, ки маъюбон ҳич вақт узви ҷудогашта аз ҷамъият набуданду нестанд ва нахоҳанд буд. Қаҳрамони мо низ нафарест, ки бо вуҷуди маъюбӣ доштан худро камтар аз дигарон намедонад ва мудом дар талошу кӯшиш аст. Бо қалам рӯйи авроқи сафед заҳмат мекашад. Маънӣ меофарад, роҳ менамояд, ишқу муҳаббатро васф месозад.
Даричаи ошноӣ
Махсуддинов Алиҷон Зиёдалиевич, мутаваллиди 8-уми октябри соли 1967 дар собиқ шаҳри Калининобод (баъдан Сарбанд ва ҳоло Левакант) мебошад. Солҳои 1974-1984 дар мактаби миёна таҳсил карда, баъдан барои идомаи таҳсил ба Филиали Донишгоҳи педагогии ба номи Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шудааст. Соли 1985 ба сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ барои адои хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Пас аз ду соли адои хидмат ба зодгоҳ баргашта, барои давом додани таҳсилаш дар донишгоҳ иқдом гирифт.
Соли 1992 чӣ ҳодиса рӯй дод?
Соли 1992 дар яке аз рӯзҳои аввали ба вуқӯъ пайвастани нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ба қавли қаҳрамони мо, тири дайдуе ба бадани Алиҷони ҷавон бархӯрд ва ӯро аз пойи равон маҳрум сохту ба сандалии маъюбӣ шинонд. Он замон ӯ донишҷӯйи соли чоруми донишгоҳ буд. Алиҷон мегӯяд, ки дар давраҳои аввали маъюбӣ дар дилаш ҳисси ноумедиву ғамгинӣ ҷо гирифт. Як муддат кунҷи узлатро ихтиёр намуд ва бо ғаму ғуссаи худ андармон буд.
Шеър – василаи раҳоӣ аз ноумедиҳо
Барои таскини дил ба эҷоди шеър машғул мешуд ва он чизҳоеро, ки бо дигарон наметавонист бевосита дар миён гузорад, бо қалам рӯйи саҳифаҳои сафеди дафтари шеъраш менавишт. Соли 2000-ум дар назди идораи рӯзномаи ноҳиявии “Нури Сарбанд” маҳфили адабии “Гулбазм” зери роҳбарии Раҷабалӣ Худоёров ба фаъолият шурӯъ намуд. Маҳфили мазкур шоирону нависандагон, синну соли гуногунро гирди ҳам ҷамъ овард ва ҳавзаи адабии онвақтаи шаҳри Сарбандро дар муддати кӯтоҳ миёни ҳавзаҳои адабии дигар минтақаҳои кишвар маъруф гардонид. Аз ҳамон сол то инҷониб ҳамчун узви доимии маҳфили адабии “Гулбазм”-и назди идораи нашрияи “Нури Сарбанд” ҷиддан ба эҷоди шеър пардохт. Мудом аз шоирони соҳибқалам, ки низ аъзои ин маҳфил буданд, маслиҳат мегирифт. Муносибати самимонаи атрофиён ӯро рӯҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгармтар менамуд. Натиҷаи ҳамин муносибати самимонаи наздикон ва заҳматҳои шабонарӯзияш буд, ки соли 2003 нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Оҳанги дил” аз чоп баромад. Дар муддати фаъолияти эҷодии худ ӯ маҷмӯаҳои «Оҳанги дил», «Нигоҳи ишқ», «Тӯёна», «Баҳори орзу», «Ангезаҳои сӯзи дил», «Фарёди ишқ», «Сад садои садоқат», «Меҳрборон» ва ниҳоят «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос»-ро аз чоп баровардааст. Маъюбӣ танҳо як имтиҳони илоҳист! Маъюбӣ барои Алиҷони Сарбандӣ чизе бештар аз як таҳаввулоти муқаррарӣ дар зиндагии инсонӣ нест.
Маъюбӣ барои ӯ як имтиҳони илоҳист.
Имтиҳон ба хотири он, ки худро дар ин давраву ҳолат ҳам дар муқобили пастиву баландиҳои зиндагӣ нишон диҳад. Ӯ мегӯяд: “Вақте ки Худо барои инсон мушкилеро пеш меорад, ҳатман қаблан тавон ва неруи ҳалли мушкилро ҳам додааст. Фақат худи инсонро зарур аст, ки дар ҳар ҳолате иродаи мустаҳкам дошта бошаду дар талоши расидан ба саодату хушбахтӣ ва эҳсоси ризоият аз тақдир муваффақ гардад. Зеро маъюбӣ ҳанӯз расидан ба охири зиндагӣ нест! Балки идома додани гомзанӣ дар роҳи расидан ба аҳдофи олитарини умри пур аз шебу фарози инсонист”.
Зиндагии имрӯзи Алиҷон
Имрӯзҳо Алиҷони Сарбандӣ дар ҳалқаи наздикону пайвандон ва дӯстону мухлисон бо шодиву нишоти ба худаш хос ба сар мебарад. Зиндагияш мисли шеъру таронаҳояш пур аз рангу ҷилост, пур аз ишқу вафост, пур аз нуру сафост. Чанд соати тақрибан ҳар рӯзи зиндагияшро вақфи суҳбати дӯстонаш дар боғи Ғалабаи шаҳри Левакант мекунад. Дидору суҳбати ҳаррӯза бо дӯстон барои Алиҷони Сарбандӣ илҳоми тоза ва неруи ҷадиди бештар мебахшад. Шоир мегӯяд, ки аз ҷониби мақомоти масъул ва соҳибкорони шаҳру берун аз он ҳам пайваста дар арафаи иду ҷашнҳо кумаку дастгириҳои пуливу молӣ ва туҳфаҳои идона барояш тақдим мегардад, ки ин ҳусни таваҷҷуҳ ба дили ӯ умед ва гармии бештар мебахшад.
Фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Алиҷони Сарбандӣ аз зумраи эҷодкорони муваффақест, ки дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоии интернетӣ саҳифа ва гурӯҳҳои махсуси эҷодии худро дорад ва тавассути онҳо маҳсули эҷодашро мудом тақдими ҳаводорони каломи бадеъ месозад. -Солҳои пеш китоб чоп мекардаму илова бар ин баъзе аз шеърҳоям дар матбуоти даврӣ чоп мешуд. Аммо аз лиҳози маҳдуд будани теъдоди нашри китоб ва нашрияҳои даврӣ ҳамаи дӯстону мухлисон наметавонистанд, аз эҷодиёти тозаи инҷониб баҳраманд шаванд. Бо мақсади имкони дастрасии фарогиртар фароҳам овардан барои мухлисон бо тавсияи чанде аз дӯстон дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” саҳифа ва гурӯҳи эҷодии худро кушодам. Бо тавсияи дӯстон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи “Дафтари шеъри Алиҷон”-ро созмон додам, ки то ҳол беш аз 4000 нафар аъзо дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои ман имкон доданд, ки шумораи бештари мухлисони худро дошта бошаму бо онҳо дар дилхоҳ вақту соат дар тамос бошам. Ҳатто ба ин васила дӯстони ҳамқалам ва устодони зиёде аз гӯшаву канори гуногуни кишвар ба аёдатам омаданду меҳмони кошонаи ман шуданд. Аз ҷумла, устодон Исмоили Зарифӣ ва Иброҳими Наққош ба дидорбиниям омада буданд, ки аз вохӯриву суҳбат бо эшон хотираҳои ҷолибу ёдгор дорам,-бо завқ қисса мекунад Алиҷони Сарбандӣ.
Як навиди идона
Чанде пештар бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи навбатии шоири ширинкаломи шаҳри Левакант Алиҷони Сарбандӣ бо номи «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос» аз чоп баромад. «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос» нуҳумин китоби муаллиф буда, дар арафаи ҷашнҳои пурифтихори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, барои ҳаводорони шеъру сухан туҳфаи арзишманде хоҳад буд.
Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.