Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РӮЗНОМА ВА МАҶАЛЛАИ БЕҲТАРИН ДАР СОЛИ 2025» ДОНИСТА ШУД


РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РӮЗНОМА ВА МАҶАЛЛАИ БЕҲТАРИН ДАР СОЛИ 2025» ДОНИСТА ШУД



Рӯзномаи «Хатлон» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар натиҷаи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» ғолиб дониста шуда, дар номинатсияи «Нашрияи минтақавӣ» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашр, дастгирии васоити чопии ахбори омма ва ҳавасмандсозии рӯзноманигорон баргузор гардида, дар доираи он фаъолияти рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои соли 2025 аз рӯйи меъёрҳои касбӣ, мазмуну мундариҷа, сатҳи таҳлил, тарғиби арзишҳои миллӣ ва инъикоси сиёсати давлату Ҳукумат баҳогузорӣ шуд.

Тавре ки дар маросими тақдими ҷоизаҳо зикр шуд, комиссияи озмун бо назардошти мунтазамӣ ва сифати нашр, фарогирии мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таҳлили амиқ, ҳамчунин нақши муассир дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва маърифати ҷомеа фаъолияти рӯзномаи «Хатлон»-ро шоиста арзёбӣ намуд.

Дастоварди навбатии рӯзномаи «Хатлон» ҳосили заҳмати содиқонаи ҳайати эҷодӣ, ҳамкории фаъол бо хонандагон ва пайгирии меъёрҳои баланди касбии журналистика мебошад.

Қобили зикр аст, ки имсол зиёда аз 80 шумораи рӯзномаи «Хатлон» бо теъдоди умумии беш аз 1,2 миллион нусха ба чоп расид, ки нишондоди бесобиқа дар сатҳи матбуоти даврии маҳаллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ин музаффарият натиҷаи шоистаи фаъолияти пурмаҳсули аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» дар соли 2025 арзёбӣ мегардад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода