МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
29 декабр дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар фазои баланди худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба илму маърифат сурат гирифт.
Маросими мазкур дар шароите баргузор шуд, ки ҷомеаи кишвар таҳти таъсири амиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳамчунин сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дошт. Ин омилҳо ба чорабинӣ мазмуну муҳтавои хос бахшида, онро ба як ҷамъбасти муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маърифатпарваронаи давлат табдил доданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят дидан намуданд. Дар намоиш дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, корҳои илмию эҷодии хонандагону донишҷӯён, китобҳои таълифшуда, лоиҳаҳои омӯзишӣ ва натиҷаҳои иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки се озмуни ҷумҳуриявии зикршуда самари бевоситаи сиёсати фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳадафи асосии ин иқдомҳои беназир тарбияи насли худшинос, соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандӯст мебошад.
Ҳамчунин, раиси влоят иброз доштанд, ки маҳз тавассути чунин озмунҳо дар ҷомеа завқи китобхонӣ, рағбат ба илм, таваҷҷуҳ ба фарҳанг, санъат ва таърихи миллӣ тақвият ёфта, заминаи устувор барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Раиси вилоят барои таваҷҷуҳ и пайваста ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф, фарҳанг ва ҷавонон изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамчун яке аз муҳимтарин иқдомҳои фарҳангӣ дар солҳои охир муаррифӣ гардид. Зикр шуд, ки китоб сарчашмаи асосии донишу хирад, таҷрибаи наслҳо ва чароғи раҳнамои инсон дар роҳи камолоти маънавӣ мебошад. Ин озмун барои эҳёи суннати китобхонӣ, таҳкими завқи мутолиа ва эҳтиром ба каломи хаттӣ нақши калидӣ дорад.
Соли равон дар даври якуми озмун дар вилояти Хатлон 111 ҳазору 37 нафар иштирок намудаанд, ки нишондиҳандаи хеле баланд ба ҳисоб меравад. Аз ин миён 90 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм-ро соҳиб гардиданд. Ин натиҷа дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина саҳми шаҳру ноҳияҳои Данғара (8 ҷой, аз ҷумла 1 Шоҳҷоиза), Бохтар (6 ҷой), Кӯлоб (4 ҷой), Ёвон (3 ҷой), Ҳамадонӣ ва Восеъ (2 ҷой), Муъминобод (1 Шоҳҷоиза), Кӯшониён ва Вахш (1 ҷойӣ) махсус зикр гардид. Раиси вилоят ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои олии касбӣ, раёсати маориф, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои саҳмашон дар омодасозии довталабон миннатдорӣ баён намуданд.
Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2019 соли аввали таъсиси озмун - чандин маротиба афзудаанд. Он сол аз 84 нафар довталаб ҳамагӣ 2 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда буданд. Бо гузашти ҳафт сол, завқи китобхонӣ, майлу рағбат ба омӯзиши илм ва мутолиаи осори адабӣ дар байни наврасону ҷавонон ба таври назаррас боло рафтааст.
Дар ин замина эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ» дар вилояти Хатлон натиҷаҳои умедбахш ба бор овард. Таъкид гардид, ки ин ташаббус дар соли 2026 низ идома ёфта, дар доираи эълон гардидани соли «Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» завқи китобхонӣ ва ҳисси миллӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Дар идома ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин озмун ҷавононро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва рушди тафаккури илмӣ ҳидоят менамояд. Илм ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки танҳо бо такя ба дониш, навоварӣ ва ихтироъкорӣ метавон ба рушди устувори кишвар ноил шуд, таъкид намуд раиси влоят Давлаталӣ Саид.
Соли 2025 дар даври якуми озмун 81 ҳазору 776 нафар иштирок намуда, 141 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа 20 нафар (14,2 фоиз) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин аз 20 шаҳру ноҳияи вилоят танҳо намояндагони 9 ноҳия дар даври ниҳоӣ муваффақ шуданд, ки ин нишондоди нокифоя арзёбӣ гардид.
Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ҳамчун василаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва муаррифии ҳунари асили тоҷик арзёбӣ шуд. Агар соли 2019 теъдоди иштирокчиён ҳамагӣ 500 нафар буд, соли равон ин рақам ба 1342 нафар расидааст. Дар даври ҷумҳуриявӣ 103 нафар иштирок намуда, 18 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, ки нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаи беҳтар аст.
Дар идомаи суханронӣ Раиси вилоят, инчунин дастовардҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон мавриди таҳлил қарор дода, зикр доштантанд, ки соли равон 146 иншооти соҳаи маориф бо 1242 синфхона ба истифода дода шуда, танҳо дар рӯзҳои сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Бохтар 18 муассисаи таълимӣ ва 10 муассисаи томактабӣ ифтитоҳ гардиданд, ки барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил мусоидат намуданд.
Дар идомаи суханронӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 дар қаламрави вилоят «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон карда шуд. Ин ташаббус ҳамчун идомаи мантиқии иқдомҳои қаблӣ арзёбӣ гардида, ба рушди маънавию фарҳангии аҳолӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар ҳудуди вилоят «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон гардида буд.
Дар доираи татбиқи соли 2025 “соли фарҳанги китобхонӣ”, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ китобхонаҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо таъмир ва азнавсозӣ гардиданд. Ин тадбир ба беҳтар гардидани шароити хизматрасонӣ, ғанӣ гардондани фонди китобҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиди мутолиа мусоидат намуд.
Дар фарҷом суханронӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ мактаби воқеии худшиносӣ, маърифат ва ватандӯстӣ мебошанд. Иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои болозикрро самимона табрик намуда, изҳори итминон доштанд, ки онҳо дар соли 2026 соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои боз ҳам бештар саҳми арзандаи худро дар рушди илму фарҳанг ва ҳунари миллӣ мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Аз ҷумла, ба 15 нафар барои ҷойи якум 6 000 сомонӣ, ба 30 нафар барои ҷойи дуюм 3 600 сомонӣ, ба 45 нафар барои ҷойи сеюм 2 400 сомонӣ ва ба 54 омӯзгор низ 2 400 сомонӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон супорида шуд.
Қисмати ҷамбастии маросимро ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо пешниҳоди барномаи фарҳангиву консертӣ ранги дигар бахшиданд.
Набиҷони Саидаброр, Мунавваршои Зафар, «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...