Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...

Дуои мӯйсафедони табаррук: “Илоҳо, умри Эмомалӣ Раҳмонро ба синни100 расонад”
Чанде қабл ба як маъракаи хурсандӣ даъват шудам ва соҳибхона дар ҳуҷрае, ки якчанд пирони рӯзгордидаи деҳа ҳузур доштанд, шинонданд. Суҳбати пирони табаррук гарм буд. Онҳо бештар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, одобу ахлоқи оиладорӣ, эҳтироми калонсолон, ба таҳсили фарзандон, бахусус ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ, шабгардии наврасон, дуздию оворагардии онҳо андеша меронданд.
Ба ҳар як мавзуи суҳбат аз иқдомҳои озандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе меоварданд.
-Эмомалии мо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ доир ба пешгирии терроризму ифротгароӣ, вайронкорӣ, куштору хунрезӣ, ҷангҳо дар баъзе давлатҳо ва ғайра бо забони ширини тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Аз ин ифтихор бояд кард. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, роҳи рост, инсони комил будан тарбия кунем, то онҳо дар оянда меҳани худ-Тоҷикистонро соҳибӣ карда тавонанд, меҳнатдӯст бошанд, таҳсил карда дониш бигиранд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, касб омӯзанд ва ба халқу диёр хизмат намоянд. Дар маҳфили ин пирони рӯзгордидаю табаррук нишаста, аз суҳбати ширину пандомезашон як ҷаҳон маънӣ бардоштам.
Таҷрибаи рӯзгори пирони хирад мактаби хуби инсонпарварӣ аст. Аз он бояд баҳра бардорем. Дар анҷоми андешаҳои созандаи худ онҳо даст ба дуо бардошта, дуои нек карданд: «Худованди бузург, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар паноҳат нигоҳ дор, синнашро ба100 расон, бедарду ғам бошад. Омин!»
Ман низ ба дуои неки онҳо шарик шуда, мегӯям: «Худои оламу одам, дуои ин мӯйсафедонро мустаҷоб гардон, то марзу буми Ватан, пирону муҳтоҷон, маъюбону ятимонро нигаҳбон бошад».
АНДЕШАҲОИ ДИГАР
Зиндагӣ мушкилоти зиёде дорад. Бахусус бекории нафароне, ки на илм омӯхтаанду на касбе доранд, саргардонанд. Болои ин боз ташвишҳои иловагӣ рӯз ба рӯз зам шудан мегирад. Шаҳрвандон барои ҳалли ин мушкилот рӯ ба муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои хориҷи кишвар меоранду қисми дигар ба умеди ҳаёти серу пур аз ҷумҳурӣ кӯч мебанданд.
Дар ин мавзуи баҳсталаб бо чанд сокини вилоят бо суолҳои “Ватан чист?” Шумо мехоҳед, ки дар давлати хориҷӣ зиндагӣ кунед, чаро?” суҳбат оростем.
ВАТАНАМ ҶАННАТИ РӮЙИ ЗАМИН АСТ,
- мегӯяд сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зафар СУЛТОНОВ:
-Ман ягон маротиба дар хориҷа набудам. Барои банда Тоҷикистон беҳтару азизтар аст. Он хонаи умеду орзу, модару ҷаннати ман мебошад. Хориҷиён Тоҷикистонамро биҳишти заминӣ мехонанду ҳаваси дар ин кишвари амн, зебою дилрабо, дорои табиати мафтункунандаю обҳои зулол ва чашмаҳои мусаффо зистанро мекунанд. Пас, чаро ман ин биҳиштро монда, ба ҷое равам, ки он ҷо маро интизор нестанду шаҳрвандонаш бароям бегонаанд?
Ояндаи Ватани ман бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Қадамҳои файзбори Пешвои миллат ҳангоми сафарҳои корӣ ба ҳар як шаҳру навоҳии кишвар ободию хуррамӣ, созандагӣ, серию пурӣ оварда, бунёди муассисаҳои саноатӣ, маорифу тандурустӣ бунёд ёфта, фаъолият доранд.
Ҷойҳои корӣ низ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ба мо бо ҳавас нигариста, ихтиёри дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карданро мекунанд.
ҲАММЕҲАНИ ОРМОНӢ
Н. АСОЕВ, сокини хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониён:
-Ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардум душворию ноумедиҳои зиёд овард. Ои-лаи акои Юлдош низ аз ҷумлаи чунин оилаҳо буд. Юлдош-ака бо русзане издивоҷ карда, соҳиби панҷ фарзанд шуданд.
Даҳшатҳои ҷанг, ки ин хоҷагӣ яке аз марказҳои даргирии ҷанг буд, ба қалби онҳо тарсу ҳаросро ҷой намуд. Онҳо ба Ватани зан кӯчида рафтанд. Зиндагии онҳо дар макони нав хуб оғоз гардид. Дар деҳа хона гирифта, молу ҳол карданд, ҷойи кори хубу даромаднок ҳам ёфтанд. Аммо, бадбахтона, баъд аз як сол ҳамсари Юлдош-ака аз дунё даргузашт.
Фарзандон аллакай ои-ладор буданд, бори зиндагии худро мекашиданд. Мард баъди сари завҷааш танҳо монду азоб кашид ва пас аз ҳафт соли ҷудоӣ аз Ватан ба Тоҷикистон, ба дидор-бинии хоҳари ягона ва писари мобайнӣ, келину набераҳо, дӯстону ҳаққу ҳамсоягон омад.
Аз нигоҳи аввал собиқ макони зисташ- хоҷагии ба номи Ф. Саидовро на-шинохт. Аз он харобаҳои баъдиҷангӣ осоре намонда, мардуми парешонгашта боз ба ҳам омадаю дар як оилаи бузург, ки онро Тоҷикистон ном аст, аҳлу тифоқ кору зиндагӣ доштанд.
Ӯ ин ҳамаро дида, ашк мерехту шукри тинҷиву осудагии ҳамдиёронашро мекард. Акаи Юлдош дубора Русия назди фарзандонаш рафт. Аммо тез-тез ба хоҳараш занг зада, мегуфт, ки албатта ба Тоҷикистон бармегардад. Акнун синнаш ба ҷое расидаю танаш ҳам дардманд шудааст. Дар он ҷо ба маризӣ гирифтор шуда, ҳафтае пас фавтид. Фарзандони дар ин кишвар мезистааш ӯро дар хоки бегона гӯру чӯб карданд.
Падар ормонҳояшро бо худ ба хок бурд. Хоҳари тоҷикистониаш як каф хоки Ватанро ба Русия бурда, болои қабри бародар пошид... Як каф хоки Ватан руҳи ӯро дар сарза-мини бегона осуда хоҳад гардонд...
ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН БЕҲ...
Н. Ҳайдар, нафақагир.
-Бо ҳукми тақдир ҳамроҳи аҳли оила ба Ҷумҳурии Қирғизистон кӯч баста, дар он ҷо солҳои зиёд зиндагӣ кардам.
Зиндагиам бад набуд. Аммо аз атрофиёнам дилсӯзию дардошноӣ наёфтам. Шукр мекунам, ки ҳоло дар Тоҷикистони биҳиштосоям зиндагӣ дорам. Завҷаам дар он ҷо фавтиду ба хокаш мондем. Фарзандону набераҳоям низ аз бозгашти худ ба Ватан хурсанданд.
P.S. Ҳаваси дар хориҷа кору зандагӣ кардан оқибат пушаймонӣ дорад. Сокинони Тоҷикистон назар ба дигар давлатҳо меҳрубону дилсӯзанду обу ҳавояш низ гуворост. Аз ин рӯ, бе Ватан зиста наметавонем. Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳ, гуфтаанд...
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
