Иҷрои қонуни танзим ба манфиати кист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 2
![]()
Барои танзими ҷашну маросим дар ҷумҳурии мо аз соли 2007 қонун қабул гардида, баъд аз иловаҳо дар солҳои 2008, 2010, 2017 ва 2021-ум, дар таҳрири нав баромадани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми июни соли 2024-ум, №499 аз он далолат мекунад, ки роҳбарияти давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дорад.
Воқеан, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Тоҷикистон, бо дарназардошти сатҳи зиндагӣ ва муносибати мардум ба урфу одат, ҷашнҳо мушкилотест, ки ба ҳар як хонадони тоҷик рабт дорад.
Чаро иҷрои ин қонун дар ҳама ҷо як хел нест? Чаро манфиати онро баъзеҳо дарк намекунанд? Ҳол он ки мақсади асосии ин қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Тағйир додани афкори мардум нисбат ба ин масъала кори мураккаб аст. Зеро мардум ба риояи ин расму ойин чун анъанаи меросии гузаштагон, уҳдадориҳои эътиқодии худ менигаранд. Эҳсос кардани манфиати қонун аз ҷониби мардум риояи онро таъмин мекунад.
ТӮЙИ СЕСОАТА Ё СЕРӮЗА?
Мегӯянд, ки агар хоҳӣ, ки дарди мардумро донӣ, аз бозору нақлиёти ҷамъиятӣ фаҳмидан мумкин аст, зеро ошкоро муҳокимаву баҳси масъалаҳои ҳаётро мешунавӣ. Ҳар боре, ки сӯйи донишгоҳ бо микроавтобуси №3 меравам, сокинони деҳаҳои Бохтару Кӯшониён ҳам ҳамсафари мананд. Маълум аст, ки мардуми одиву деҳқонанд. Одамони шароити беҳтардошта бо таксиву мошинҳои шахсиашон равуо мекунанд. Зане ду-се халтаҳои пурборашро зери курсиҳо ҷой карду арақи рӯяшро пок карда гуфт:
-Духтарбарорӣ бисёр мушкил шудааст. Се рӯз аст, ки ба бозор меоям. Қудо бист ҳазор сомонӣ дода буд, тамом шуд. Намедонам оши мардумро чӣ хел медиҳем. Хиҷолату хастагиашро равшан эҳсос кардан мумкин буд.
Кампири рӯ ба рӯ нишаста аз дилсӯзӣ тасаллояш дод: “Боз Худо ризқашро медиҳад. Барои фарзанд накунӣ, нашавад. Хурсандӣ будааст, ҳеҷ гап не”.
-Мардакат дар куҷо? –ҳамроҳ шуд зани дигар. - Харидро дар мо мардаки хона мекунад.
-Э хоҳаре, хӯҷаинам се сол боз дар Русия. Ман равам, пули қарзи тӯйро кӣ медиҳад, гуфта наомад. Порина дух-тари калониро ба шавҳар додем. Аз банк пул гирифта будем. Он қарзро кандем, ки имсол ба ин духтар ҳам хостгор бисёр омад. Ноилоҷ розӣ шудем. Ҳоло гаҳворабандони духтари калонӣ мондагӣ,- рози дил кард зан.
Дар сари ин зани деҳқон саду як фикр чарх мезад. Каме ба сӯйи тиреза нигоҳ карду савол дод: “Имрӯз чандшанбе бошад?”
- Панҷшанбе, - ҷавоб дод ҳамон зани кунҷкоб. Тӯйҳо шанбеву якшанбе мешавад-ку.
-Аз куҷо? Пагоҳ бегоҳӣ ҳамкурсонаш, ҷумъа ҳамсинфонаш, шанбе– хешу табор, рӯзи бозор арӯсро мебаранд.
-Танзим дар қишлоқатон ҳеҷ чиз намегӯяд? – боз пурсид зани сергап.
- Охир дар се соат маърака карда, ҳамаро даъват карда наметавонем. Пинҳонӣ, бегоҳиҳо мегузаронем. Метарсем, ки донанд, ҷарима мекунанд.-фаҳмонд зан.
-Ҳа,- тасдиқ кард зане, ки дар курсии қафо менишаст.- Як ҳамсояи моро чор ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Ду хӯрок пухта будааст. Лекин ҳамсояи дигари мо, ки бой аст, чунон маърака кард, ки як ҳафта тӯй дод. Касе чизе нагуфт. Ҷаримаро доду халос шуд.
- Эҳа, нашунидӣ, баъд аз тӯй ӯро аз вазифааш гирифтанд,- фаҳмонд зани дар бараш нишаста.
-Танзим барои ҳама аст, - шарҳ доданӣ шуд зане, ки шояд муаллимаи мактаб буд. -Дар тӯйи хешонам дар Суғд будам. Тартиб ва танзим дар ҳақиқат ҳаст. Хароҷоти калон нест. Ҳама якгапа, бомаслиҳат кор мекунанд. Раиси маҳалла ҳамаро назорат мекунад.
- Дар мо барои маърака иҷозат медиҳанду танҳо барои ҷаримакунӣ пайдо мешаванд,-киноя кард марди миёнсоле. -Раисони маҳалла, саркорон ба маърака коре надоранд. Айби худи мардум ҳам ҳаст. Медонанд, ки қонун иҷозат намедиҳад, бояд ин корҳоро накунанд.
- Ин занҳо гапи худашонро мегузаронанд, - аз якравии бонувон ёдрас шуд мӯйсафеде. - Масъалаи ошу нон, либосу ҷиҳоз аз занҳо вобаста аст.
ЗАНҲОИ МУСОФИР АЗ ИН СУХАНИ МӮЙСАФЕД НОРОҲАТ ШУДА БОШАНД ҲАМ, Ӯ ҲАҚИҚАТРО ГУФТ. МАҲЗ ТАШКИЛ ШУДАНИ МАЪРАКАҲО, ДАСТУРХОНОРОӢ АЗ МУНОСИБАТИ БОНУВОН ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД. КАДБОНУИ ХОНАДОН САРИШТАКОР ВА НИГАҲДОРАНДАИ ХАЗИНАИ ОИЛА БА ҲИСОБ МЕРАВАД.
Вақти фаромадани ман расид. Баҳс давом дошт. Ин баҳс ба андеша водор мекард, ки чаро одамон ба худ ҷабр мекунанд, маблағҳои калонро барои маърака сарф карда, аз мушкилиҳои эҷодкардаашон азоб мекашанд. Ба ҷойи хурсандиву хушбахтии фарзандон ғами пардохти қарзу хиҷолатзадагиро интихоб мекунанд. Ба ҷойи маъракаи сесоата се-чор рӯз дастурхон ороста, меҳмон қабул мекунанд. Дар шароити имрӯз гузаронидани маърака сарфи зиёдро мехоҳаду ташвиши зиёдатист.
Шояд пеш аз маъракаороӣ фаъолони деҳа, кормандони ҷамоату комиссияҳои танзим бо ҳамон оила суҳбат гузаронида, дар сурати риоя нашудани муқаррарот бо чӣ анҷомидани онро фаҳмонанд. Пешгирӣ кардани исрофи нолозим, маъракаҳои серхароҷот новобаста ба кӣ будани соҳиби маърака бояд таъсиргузор бошад. Чаро барои гузаронидани маъракаҳо дар маҳаллаву деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида намешаванд? Онҳоеро, ки ба қонун риоя намекунанд, муҳокима намуда, масъулияти маҳалладориро талаб намекунанд? Рӯихотирбинӣ, чашм пӯшидан ба рафтори нописандонаи баъзе шаҳрвандон ва ҳатто ришвагириву розигии пинҳонӣ додани раисони маҳаллаҳо ба маъракаҳои ғайриқонунӣ мушоҳида мешавад.
ТАНЗИМИ МАРОСИМИ МОТАМ НАТИҶАҲОИ МУАССИР ДОРАД
Танзим дар маъракаҳои мотам беҳтар шудааст. Маърифати динии мардум, ҷудо кардани асли ислом аз хурофот ба ин мусоидат мекунад.
Дар ҷанозаи марди 85-солае дар деҳае будем. Занон одатан, то баровардани майит бо суҳбати худ овора буданд. Ба гиристан ё нагиристани духтарону келинҳои хонадон диққат дода, байни худ муҳокима мекарданд.
- Се писар дар Русия. Мӯйсафед бадавлат, соҳиби даҳ фарзанд. Чаро йиртиш надода истодаанд? –пурсид яке аз
дигаре.
-Дар ин қишлоқ масъули танзим ҳамаашро бекор кардааст,- ҷавоб дод зан. Ҳатто қироати бибиотуну пӯшидани либоси мотамӣ ва оши саритахтагиро. Ҳамсояҳо, хешу табор то се рӯз хӯрок меоранд.
-Бисёр хуб шудааст. Дар маҳаллаҳои мо ҳам ҳамин хел кунанд. Дар ҷанозаи қудоям писараш ба бозор се бор рафта, сачоқ харида овард. «Мурдаро монда тутхӯрӣ» - гуфтагӣ барин ташвиши азодоронро зиёд мекунад, - гуфт зани шаҳринамо.
Дар баъзе ноҳияву шаҳрҳои вилоят маъракаҳои бисту чил ва гузаронидани панҷшанбегиву ҷумъагӣ аз байн рафтааст. Тақсими ғизо ба хонаҳои ятимону пиронсолон хайру эҳсони маъмулӣ шудааст. Таъсир гузоштан ба эҳсосоти миллӣ ва динии инсон муносибати эҳтиёткоронаро талаб менамояд. Аксари мардум дарк карданд, ки савоби ка-дом амалашон бештар аст.
Ташаббуси шахсони саховатпеша, ки ба ҷойи маъракаҳои серхароҷот барои ободии кӯча, маҳалла ва шаҳру ноҳияи худ дар арафаи идҳои миллии Наврӯз, идҳои Рамазону Қурбон хатнасури кӯдакони ятиму оилаҳои камбизоат, ақди никоҳи ҷавононро мегузаронанд, боиси дастгириву сипоси аҳли ҷомеа шудааст. Сохтани мактабу муассисаҳои томактабӣ, кӯпрук, таъмири роҳ, гузаронидани хатти об ва иншоотҳои дигари иҷтимоӣ аз пасандози фаъолияти меҳнатӣ ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъшуда аз ҳисси ватандориву бунёдкории онҳо шаҳодат медиҳад.
ЗОДРӮЗ Ё НАМОИШИ ТЕАТРИКУНОНИДАШУДА ДАР КӮДАКИСТОН?
Кӯдакон зодрӯзашонро бесаброна интизор мешаванд. На бо хотири туҳфаҳои ваъдакардаи мо, балки барои пуф кардани шамъҳои рӯйи қандина ва “Зодрӯз муборак!”- гуфтани аҳли оила. Бо боварии кӯдакона онҳо интизор мешаванд, ки ҳама сари дастурхо-ни оилавӣ ҷамъ омада, онҳоро навозиш мекунанду барояшон саломативу умри дароз мехоҳанд ва соҳиби мошину лӯхтак ва бозичаҳои нав мешаванд. Ҷузвдонашон аз шириниҳо пур мешавад. Лаҳзаҳои хотирмони зиндагии тифлона барояшон хеле азиз аст. Ҳар як падару модар, бибиву бобо барои чунин гузаштани зодрӯзи азизонашон кӯшиш мекунанд.
Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ як русуми нави ба ном муосир ҷорӣ шудааст. Дар рӯзи таваллуди тарбиятгиранда ба ғайр аз қандина барои ҳамгурӯҳони кӯдак дар саҳни кӯдакистон ду бозингари либоси хирсаку харгӯшакдошта зери садои баланди мусиқӣ рақскунон ба табрики кӯдак меоянд. Хурсандии кӯдакон ва рақсу бозии онҳо, пуфакҳои зиёди ранга ва аксгирӣ идро мемонад. Инро волидоне ташкил мекунанд, ки барои ин саҳнаи “театр” бозингаронро то 500 сомонӣ кироя карда, таҷҳизоти мусиқиро ҳам муҳайё менамоянд.
Гап сари он меравад, ки на ҳар падару модар ин имкониятро дорад. Зеро зодрӯз бояд дар доираи оила гузаронида шавад. Кӯдакони дигари гурӯҳ низ боисрор талаб мекунанд, ки чунин зодрӯзро барояшон ташкил намоянд. Ин ба равони кӯдак таъсир мерасонад ва оқибати хуб надорад.
Чаро мураббияҳо, мудирони кӯдакистонҳо, ки маълумоти психологиву педагогӣ доранд, ин ҷиҳати раванди тарбияро ба назар намегиранд?
Ҳол он ки гузаронидани зодрӯз дар муассисаҳои давлатӣ манъ буда, дар қонуни танзим таъкид шудааст.
Табақаи зиёӣ, мансабдорон бояд бо ибрати шахсӣ ба халқ намуна бошанд, то татбиқи Қонун дуруст ба роҳ монда шавад.
Дарки он, ки сарфаю сариштакорӣ роҳи беҳтарини рӯзгордорист, бояд дар зеҳни ҳар як инсоне, ки ба қадри меҳнат, ба даст овардани маблағ мерасад, тасмими муҳим бошад.
Ниёгони мо ҳамеша инро таъкид кардаанд. Адиб ва донишманди классики мо Унсурмаолии Кайковус дар “Қобуснома” ба фарзандаш чунин муроҷиат кардааст: “Исрофро душман дор ва шум дон.
Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, насфро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад”. Дар китоби Қуръони карим низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос дода шудааст.
Дар ояти 31-уми сураи “Аъроф” чунин омадааст: “Ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад”.
Дар ҳадисе, ки Шуайб аз Пайғамбар (с) овардааст, гуфта мешавад: “Бихӯред, садақа кунед ва бинӯшед, бидуни исроф ва зиёдаравӣ накунед”.
Татбиқи қонуни ҷашну маросим ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, сарф шудани буҷаи оилаҳоро барои беҳтар кардани шароити зист, таҳсилу тарбияи фарзандон имкон медиҳад.
Дарвоқеъ, дар замони бархӯрди тамаддунҳо, таъсири фарҳангҳо ва интернет нигаҳ доштани асолати миллӣ масъулияти бештар мехоҳад. Аз таъсиру пайравии расму оинҳои бегона эмин доштани мардум кори саҳл нест. Дар ин самт эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ, ки ба манфиати ҷомеа мебошад, зарур аст.
Д. МАҲКАМЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...