Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ


ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ




Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», дар вилояти Хатлон омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2026 оғоз гардид.

Тибқи  қарори  раиси  вилояти  Хатлон  аз 12  дека-бри  соли 2025 таҳти  №278, чорабиниҳои  ташкилӣ,  ҳуқуқӣ ва амалӣ ҷиҳати таъмини даъвати  саривақтӣ  ва  муташаккили  ҷавонон  ба  хизмати  ҳарбӣ роҳандозӣ  карда  мешаванд. 

Қарор  бо  назардошти  талаботи моддаҳоии19 ва 20-и Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа қабул гардидааст.

Мувофиқи  қарор,  дар сатҳи  вилоят,  шаҳру  ноҳияҳо комиссияҳои  даъватӣ  таъсис дода, фаъолияти онҳо бо ҷалби намояндагони  комиссариатҳои  ҳарбӣ,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ,  тандурустӣ,  маориф,  корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда мешавад.

Дар  ҷараёни  даъват  гузаронидани  муоинаи  тиббии шаҳрвандони  синни  даъват,  ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ,  таъмини  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои даъватшавандагон ва  риояи  қатъии  қонунгузорӣ дар  назар  дошта  шудааст.  Ба муассисаҳои  тандурустӣ  супориш дода шудааст, ки муоинаи тиббиро дар сатҳи зарурӣ, бо ҷалби  мутахассисони  варзида ва истифодаи таҷҳизоти тиббӣ ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор гардидаанд,  ки  ҷиҳати  муайян  намудани  ҷойи  истиқомати  даъватшавандагон, таъмини ҳозиршавии онҳо  ба  комиссияҳои  даъватӣ ва  риояи  тартиботи  ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ба мақомоти маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо низ супориш дода  шудааст,  ки  маълумоти дақиқро оид ба ҷавонони синни даъват пешниҳод намоянд.

Дар қарор ҳамчунин таъкид шудааст,  ки  назорати  иҷрои бандҳои он ба зиммаи муовини  раиси  вилояти  Хатлон  ва сохторҳои дахлдор вогузор гардида, ҷараёни даъват бояд дар фазои шаффофият ва бо риояи меъёрҳои  қонунгузорӣ  анҷом дода шавад.

Қобили зикр аст, ки даъвати баҳории хизмати ҳарбӣ яке аз  тадбирҳои  муҳими  давлатӣ дар  самти  таҳкими  иқтидори мудофиавии  мамлакат  ба  шумор рафта, иштироки фаъолонаи  ҷавонон  дар  он  нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода