Офтоби зиндагиафрӯзӣ мо бошад Паём
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
(Ба ифтихори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Вусъати сарсабзии мо аз паём омад падид,
Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид.
Якдиливу якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст,
Зиндагиро баъд аз ин бо чашми дил бояд бидид.
Кӯҳро хоҳем агар тобад чу арзан дар назар,
Оташи меҳри Ватан бояд фурӯзем аз шарар.
Худ фурӯзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем,
Об агарки рафт бар ҷӯ, барнамегардад дигар.
Пай наафтад то ба паймоне, ки бар мо раҳ кушод,
Пай бигирем аз Паёми Сарвари Олинажод.
«Зинда бодо Тоҷикистон» то бигӯем аз ниҳод,
Ин садо бояд шунид аз минбари кӯҳи мурод.
Тарҳи тармиме, ки тарҳи куҳнаро нав мекунад,
Худшиносиро ба дилҳо ҳамчу партав мекунад.
Бояд аз меҳри Ватан бигрифт роҳи зиндагӣ,
Меҳри модар тифлро якбора раҳрав мекунад.
Аз Паёме то Паём аҳди дигар бояд зи нав,
Тоҷи миллатро ҷилои шуълавар бояд зи нав
Коми миллатро, ки таъми найшакар бояд зи нав,
Тоҷикистонро садои баҳру бар бояд зи нав.
Бонги тӯфони сиёсат дар ҷаҳон дорад хурӯш,
Ҳар нафас, ҳар лаҳза овози дигар ояд ба гӯш.
Сар зи зонуи хамӯшиат бигир, эй ҳамватан!
Чашми дил бикшову чашми бемурувватро бипӯш.
Оташи даъвою даъватбозҳо дар гирудор
Мекашад бар ком хушку тар, намегирад қарор.
Аз садоқат ҳарф мегӯянду дар дил кина аст,
Чашми поизанд ҳамчун нотавонбини баҳор.
З-ин сабаб ҳам ҳушдорӣ аз замон беҳуда нест,
Ҳар касе ҷӯяд канор аз ин агар, осуда нест.
Азми мо рамзи саодатмандии рӯзи нав аст,
Роҳи мо роҳи навин асту раҳи паймуда нест.
Маншаи фархундагии рӯзи мо бошад Паём,
Дар баҳори зиндагӣ наврӯзи мо бошад Паём.
Олами андешаи пирӯзи мо бошад Паём,
Офтоби зиндагиафрӯзи мо бошад Паём.
Давлат САФАР,
Шоири халқии Тоҷикистон
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00