ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 29 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Масъалаҳои «Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2025», «Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2026», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2026» дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят дар соли 2025 ироа гардид. Зикр шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои мардуми шарифи вилояти Хатлон бобарор ва пур аз тадбирҳои сиёсиву фарҳангӣ ва амалигардонии рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда, сокинони вилоят барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва сазовор истиқбол намудани 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ чораҷӯӣ карда истодаанд.
- Маврид ба қайд аст, ки соли 2025 соли пурбаракат буд ва ба шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат, ки дар давоми соли равон бо таваҷҷуҳи хос 6 маротиба ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар онҳо беш аз 2200 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Вакилон ҳамчунин гузориши масъулонро дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2026 шуниданд.
Сипас, Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-02-2022, 13:30
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...