Рӯзномаи Хатлон » Дар мубориза бо ҷинояткорӣ фаъол бошем


Дар мубориза бо ҷинояткорӣ фаъол бошем




Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2024 бо дарназардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ки  дар  Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, фармону дастур, супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара  ва  шурои  ҳамоҳангсозӣ  баҳри  таъмини  волоияти  қонун,  таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Бояд  қайд  кард, ки  ҷиҳати  ошкору пешгирии  кирдорҳои коррупсионӣ,  тарбияи  кадрҳо  дар руҳияи  ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ,  масъулиятшиносӣ,  риояи  интизом  ва  одоби хизматӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 

Дар соли 2024 ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон  диққати  ҷиддӣ  дода  шуд.  Дар  ин  давра ба прокуратураи ноҳия 390 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз ин 85-тояш баррасӣ, 266 муроҷиат аз рӯйи тобеият ба мақомоти ваколатдор ирсол, 9-тояш бо парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ гардида, 12 муроҷиат қонеъ ва 85 талаботи қонунӣ фаҳмонида, 2 адад муроҷиат рад карда шуд. Шахсан аз ҷониби прокурори  ноҳия  183  шаҳрванд  қабул  ва  муроҷиаташон баррасӣ шудааст.

Дар  ин  давра  дар  самти  назорати  умумӣ  оид ба  ҳолати  риоя  ва  иҷрои  қонунгузориҳои  ҷорӣ  77 санҷиш  гузаронида  шуда,  баҳри  бартараф  намудани  қонунвайронкуниҳо  ва  сабабу  шароитҳои  ба  онҳо мусоидаткарда  ба  унвонии  роҳбарони  муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо дар маҷмуъ, 143 пешниҳод ирсол  ва  ба  126  фармону  қарорҳои  ғайриқонунии роҳбарони ташкилоту корхона ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия  эътирозҳо  оварда  шуда,  талаботи  онҳо  қонеъ гардидааст. 

Бо  қарорҳои  прокурор  тариқи  назорати  умумӣ  48 парвандаи  ҷиноятӣ,  аз  ҷумла  6  парвандаи  ҷиноятии хусусияти  коррупсионӣ-иқтисодӣ  дошта  ва  415  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  оғоз  карда  шуда, 212  нафар  ба  ҷавобгарии  интизомӣ,  47  нафар  ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, ба роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия 270 амри хаттӣ дода шуд. 

Дар  асоси  санадҳои  эътиноӣ  дар  ин  давра  ба маблағи  аз  ҳисоби  тасарруфи  маблағҳои  буҷетӣ  ба фоидаи  давлат,  аз  ҳисоби  татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ, аз ҳисоби қарзи истифодаи  қувваи  барқ,  аз  ҳисоби зарар  ба  ҳифзи  муҳити  зист,  музди меҳнати кормандон, маблағи нафақа ва қарзи оби ошомиданӣ, қарзи оби полезӣ, инчунин, аз ҳисоби қарзи ан-доз, ҷамъ ба маблағи умумии 6 287 937  сомонӣ  зарар  барқарор  карда шудааст.

Вобаста ба риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи прокуратураи ноҳия дар ин давра 4 маротиба санҷиш гузаронида, 25 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва 18 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Вобаста  ба  иҷрои  қонунгузорӣ дар  самти  энергетика  ва  саноат  3 санҷиш  гузаронида,  дар  натиҷа  77 қонунвайронкунӣ  ошкор  гардид.  24 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 21 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида,  дар  асоси  санади  прокурорӣ  ба маблағи 1 905 245 сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шудааст. 

Ҳолати  риоя  ва  иҷрои  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  мақомоти маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ»  ва Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи  мақомоти  худидораи  шаҳрак ва  деҳот”  аз  тарафи  прокуратураи ноҳия  дар  фаъолияти  мақомоти иҷроияи  маҳаллӣ  ва  ҷамоатҳои деҳот  5  маротиба  санҷиш  гузаронида, 22 амр, 10 эътироз, 18 пешниҳод ба  унвонии  раиси  ноҳия  ва  раисо-ни  ҷамоат  фиристонида,  дар  асоси санадҳо  нисбат  ба  32  нафар  кормандони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия  муҷозоти  интизомӣ  татбиқ гардида,  ба  10  қарори  раиси  ноҳия эътироз оварда шудааст.

Ҳолати  риояи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бахусус табдил  додани  масҷидҳои  ғайрирасмӣ ба  марказҳои  фарҳангиву  фароғатӣ ва  ҷойҳои  ҷамъиятӣ,  инчунин  пешгирии  шомилшавии  ҷавонону  наврасон  ба  ҳар  гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои иртиҷоӣ  ва  пешгирии  таҳсилоти ғайрирасмии  динӣ  зери  назорати қатъӣ  қарор  дода  шуда,  оид  ба  ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ саривақт чораҷӯӣ карда мешавад.

Дар  ноҳияи  А.  Ҷомӣ  76  масҷиди расмӣ, аз ҷумла як масҷиди марказӣ ва  5  масҷиди  ҷомеъ  фаъолият  мекунанд.  Дар  ин  давра  47  ҳолати қонунвайронкунӣ  ошкор  гардида, 11  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. 

Вобаста  ба  риояи  қонунгузории замин  дар  ин  давра  аз  тарафи прокуратураи  ноҳия   5  маротиба санҷиш  гузаронида,  201  ҳолати қонунвайронкунӣ  ошкор  шудааст. 85  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ва  27  парвандаи  ҷиноятӣ оғоз гардида, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ ба маблағи 14960 сомонӣ зарари  замин  барқарор  ва  майдони умумии  1,54  га  заминҳои  худсарона ғасбкарда ба ҳолати аввала баргар-донида шудаанд.

Бояд қайд кард, ки аз рӯйи маъ-лумоти  расмӣ,  аз  солҳои  пеш  то 15.09.2024  аз  ҷумлаи  сокинони ноҳияи А. Ҷомӣ 89 нафар дар хориҷи кишвар  (асосан  Эрон,  Покистон, Туркия,  Арабистони  Саудӣ)  ба  гирифтани  таълимоти  ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои лозима ва бурдани  корҳои  тарғиботӣ  аз  тарафи мақомоти  марбута  ба  Ватан  баргардонида шуданд.

Дар  самти  мубориза  бар  зидди гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  аз  ҷониби  кормандони  шуъбаи ВКД дар ноҳия дар ин давра 13 ҳолати  ҷиноӣ  ба  миқдори  умумии  1 кг  555  гр  маводи  мухаддири  ҳашиш ва метамфетамин ошкор ва ба қайд гузошта,  парвандаҳои  ҷиноятӣ  бо моддаи  200  қисми  3-и  КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. 

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар ин  давра  8  ҳолати  аз  қайд  пинҳон кардани ҷиноятҳо ошкор ва ба қайд гирифта,  бо  моддаҳои  237  қисми  1, 340 қисми 1, 237 қисми 2 банди “б” ва 247  қисми  4  банди  “б”  КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаҳои  ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 6 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва 2 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд боздошт карда шудааст. 

Таҳлил  нишон  дод,  ки  дар  соли 2024 ба суди ноҳия ҳамагӣ 158 парвандаи  ҷиноятӣ  нисбати  180  нафар ворид  гардидааст,  ки  аз  ин  99  парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби содакардашудаи тафтишоти судӣ гузаронида шудааст.  Аз  шумораи  парвандаҳои баррасигардида  бо  146  парвандаи ҷиноятӣ  нисбати  168  нафар  ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст. 

Аз  тарафи  прокуратураи  ноҳия тибқи нақша-чорабиниҳои таҳияшуда дар корхонаву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  мубориза  зидди  ҷинояткорӣ, пешгирии  ҷинояткории  ноболиғон, хатари  экстремизм  ва  терроризм, таъмини  риояи  қонунгузории  замин, шаҳрсозӣ, ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар  ободонии  шаҳру  ноҳияҳо  барои пешвоз  гирифтани  ҷашни  35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра баромадҳо карда шудаанд. 

Кормандони прокуратураи ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ  минбаъд  низ  бо масъулияти  баланд  фаъолият  карда,  баҳри  таъмини  волоияти  қонун ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд.

К. Комилзода, 
прокурори ноҳияи а.ҷомӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода