Таҷлили ҷашни Истиқлол дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: ---, Боздид 455
Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани фарҳангӣ ҷараён дорад.
Сарвазири мамлакат ба иштирокдорони ҳамоиши ва кулли сокинони вилояти Хатлон паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба ҳамаи онҳо хонаи обод, саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ, ки асоси хушбахтии халқамон ва ободиву сарсабзии Ватани маҳбубамон мебошад, инчунин, комёбиву барори кор орзу намуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид низ зимни ироаи сухани шодбошии худ Истиқлолро дастоварди арзишманди таърихӣ, саодати ҷовидона, тантанаи бошукӯҳу муассир ва нишонаи пойдории миллат номид.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
- Маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд, - қайд намуд Давлаталӣ Саид.
Зикр ёфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.
Дар идома барномаи бошукӯҳи фарҳангию ҳунарӣ манзури тамошочиён гардонида шуд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00