Намояндаи насли тиллоии адабиёти муосири тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: ---, Боздид 363
Ақлимо Баҳриддинова аз ҷумлаи насли тиллоии адабиёти муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бо Нависандагони халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло Мирзо, шоирони маҳбуб Лоиқ Шералӣ, Зариф Ибод ва даҳҳо донишмандони дигари халқи тоҷик ҳамсабақ мебошад. Ӯ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон таҳсили илм карда, беш аз 50 соли умри худро фидои касби омӯзгорӣ намудааст.
Ақлимо аз овони хурдсолӣ пешаи омӯзгориро дӯст медошт. Дар давраи мактабхонӣ ба омӯзгорони худ нигоҳ мекарду орзуи рӯзе ҳамроҳи онҳо фаъолият карданро менамуд. Маҳз муҳаббати қавӣ ва майлу рағбати беандоза нисбати соҳаи омӯзгорӣ буд, ки барои идомаи таҳсил ин риштаро думболагирӣ карду билохира ба ҳадафаш расид. Муҳаббат ба касб ҳар касро ба қуллаи мақсуд мерасонад.
- Омӯзгорӣ пешаест, ки шахсони тасодуфӣ муваффақ шуда наметавонанд. Яъне, омӯзгори асил касе шуда метавонад, ки қалби пок дошта бошаду нисбати кӯдакон ва ҷамъият бетараф нагардад. Хуб, ки ҳар кас дар ҳар шакл дарс медиҳад, вале шумораи муаллимоне ки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳо ҳамеша дастболо гарданду дар макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар бе мушкилӣ идомаи таҳсил намоянд, ками дар кам аст. Омӯзгор бояд шогирдонашро фарзандонаш бештар дӯст дорад. Инро ба хотире гуфтам, ки бархе аз омӯзгорон дар тарбияи фарзандони худашон низ беаҳамиятанд, пас, ҳайронам, ки чи гуна аз онҳо интизори тарбияи шоистаи дигарон бошем, - гуфт Ақлимо Баҳриддинова.
Ақлимо Баҳриддинова соли 1962 факултаи забон ва таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз соли 1963 оғоз кардааст. Аз соли 1968, яъне аз соли таъсис ёфтани муассисаи таълимии №12-и шаҳри Бохтар дар муассисаи мазкур корро шурӯъ намудааст. 55 сол ба саводомӯзии шогирдон дар муассисаи номбурда машғул шуда, ҳазорон шогирдон ва шаҳрвандони барӯманду фахрии Тоҷикистонро таълиму тарбия додааст.
Омӯзгорони муассисаи таълимии №12 то ба ҳол бо муаллима Ақлимо Баҳриддинова дар ҳамкории зич мебошанд. Дар ситоиши ин модаре, ки ҳаёти худ-ро фидои тарбияи фарзандони миллат намудааст, беҳтарин суханонро мегӯянд.
Новобаста ба синну сол муаллима Ақлимо Баҳриддинова ба омӯзиши доимӣ машғул шуда, усулҳои нав ба навро оид ба педагогика ва психология аз худ карда, мутолиаи китобҳои бадеиро идома медиҳад. Маҳз чунин омӯзишҳо шахсро дар ҷодаи омӯзгорӣ комрон мекунад ва боиси муваффақиятҳои пайдарпай мегардад. Чунин талошҳо буд, ки ҳанӯз даврони Шӯравӣ ба Ҷоизаи бонуфузи ба номи Н.К. Крупская шудааст. Ҳамзамон, бо унвони Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Ҳаёту фаъолияти модароне мисли Ақлимо Баҳриддинова шоистаи ҳазорон таҳсину офаринҳост ва намунаи ибрати дигар занону модарон аст. Чун фарзандонеро ба камол расонидааст, ки соҳибу обрӯву эътибор ва дар касбу кори гуногун кор мекунанд.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...