Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Вилояти Хатлон дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳудуди он 24,8 ҳазор км. кв. ташкил медиҳад, ки ба 17 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ғарб ба масофаи 103 километр бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҷануб ба масофаи 420 километр бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Аз рӯи тақсимоти марзиву ҳудудӣ вилоят ба 21 ноҳия, 4 шаҳр, 23 шаҳрак ва 132 деҳот тақсим мешавад. Шумораи аҳолии шаҳрҳо 591 ҳазор нафар, аҳолии деҳот 2683,9 ҳазор нафар, мардон 1650,1 ҳазор нафар, занон 1624,8 ҳазор нафар мебошад.
Вилояти Кӯлоб
Вилояти Кӯлоб, соли 1920 аввалин маротиба дар ҳайати Ҷумҳурии халқии Советии Бухоро бо марказаш шаҳри Кӯлоб аз туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Фархор, Ховалинг ва Мӯъминобод таъсис ёфтааст. Мувофиқи Укази Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сутсиалистӣ 27 октябри соли 1939 вилояти Кӯлоб бори дуввум бо маркази маъмуриаш шаҳри Кӯлоб таъсис меёбад.
Ноҳияи Колхозобод соли 1936 дар заминаи як қисм колхозҳои ноҳияи Кӯлоб ташкил шуда, соли 1954 боз ба ноҳияи Кӯлоб ҳамроҳ карда мешавад. Ноҳия бори дуввум соли 1957 бо номи ноҳияи Арал барқарор гардида, соли 1963 номи Восеъро мегирад. Маркази ноҳия - Пойтуғ низ Восеъ номида мешавад.
Соли 1944 бо ташкилёбии вилояти Қӯрғонтеппа дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Данғара аз вилояти Кӯлоб ба вилояти Қӯрғонтеппа гузаронида шуда, соли 1947 бо барҳамхӯрии вилояти Қӯрғонтеппа боз ба вилояти Кӯлоб баргардонида мешавад.
Соли 1948 қишлоқи Фархор номи посёлкаи типи шаҳриро мегирад. Соли 1950 дар ҳайати вилоят аз ҳисоби ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ноҳияи Чубек бо маркази маъмуриаш дар қишлоқи Чубек таъсис
меёбад.
Соли 1952 ноҳияи Чубек номи Москваро гирифта, қишлоқи Чубек ба посёлкаи типи шаҳрӣ табдил меёбад ва ба вай низ номи Москва гузошта мешавад. Ноҳия соли 2004 номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро мегирад.
Соли 1952 ноҳияи Сарихосор барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб супорида мешавад. Соли 1953 ноҳияи Балҷувон барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҳайати ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб супорида мешавад.
Соли 1953 қишлоқи Данғара номи посёлкаи типпи шаҳриро мегирад. Ноҳияи Қизилмазор соли 1953 ноҳияи Совет ва аз моҳи феврали соли 2004 -ум ноҳияи Темурмалик номида шудааст.
Ноҳияи Муъминобод соли 1973 ноҳияи Ленинград ва маркази он деҳаи Муъминобод низ мақоми шаҳракро гирифта, Ленинград номгузорӣ мегардад. Ноҳия аз соли 1991 боз ноҳияи Муъминобод номгузорӣ мегардад.
Вилояти Кӯлоб маротибаи сеюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон 29 декабри соли 1973 дар ҳайати ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Ленинград, Москва, Панҷ, Совет ва Фархор бо маркази маъмуриаш дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст.
Вилояти Қӯрғонтеппа
Вилояти Қӯрғонтеппа аввалин маротиба соли 1944 таъсис дода шудааст.
Ноҳияи Кагановичобод соли 1957 бо ҳамроҳ намудани як қисми ноҳияи Ворошиловобод ба ноҳияи Колхозобод ва соли 2007 ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, маркази он шаҳраки Кагановичевск ба шаҳраки Колхозобод ва соли 1991 ба шаҳраки ба номи С. Исоев номгузорӣ шуданд.
Соли 1957 ноҳияи Молотовобод ва як қисми ноҳияи Ворошиловобод ба ноҳияи Кировобод ҳамроҳ карда шуда, соли 1963 ноҳияи Панҷ номида мешавад. Ноҳияи Молотовобод соли 1967 аз ҳайати ноҳияи Панҷ ҷудо гардида, ноҳияи Қумсангир номгузорӣ мешавад.
Соли 1959 ноҳияи Октябр барҳам хӯрда, як қисми он ба тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа дода шуд ва дар қисми боқимондааш ноҳияи Вахш бо маркази маъмуриаш шаҳраки Октябрск таъсис ёфт.
Соли 1980 дар ҳайати ҷамоатҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва як қисми ноҳияи Вахш ноҳияи Коммунистӣ бо маркази маъмуриаш шаҳраки Октябрск таъсис дода шуда, маркази ноҳияи Вахш ба шаҳраки Вахш кӯчонида мешавад. Ноҳияи Коммунистӣ соли 1991 ба ноҳияи Бохтар ва маркази маъмурии он -шаҳраки Октябрск соли 1999 ба номи Исмоили Сомонӣ номгузорӣ гардиданд.
Ноҳияи Арал соли 1935 ба ноҳияи Куйбишев, баъдтар Хоҷамастон ва соли 2004 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ номгузор мегардад.
Соли 1958 ноҳияи Даҳанакийик барҳам хӯрда, ба тобеияти ноҳияи Куйбишев дода шуд. Соли 1983 аз ноҳияи Куйбишев ҷудо шуда, ноҳияи Илич, соли 1992 Ғозималик ва соли 2004 ноҳияи Хуросон номгузор гардид. Ноҳияи Калининобод соли 1980 ба тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа дода шуда, соли 1996 аз тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо ва бо ҳамроҳ намудани як қисми ноҳияҳои Бохтар ва Куйбишев ҳамчун шаҳри Сарбанд номгузор мешавад.
Ноҳияи Микоянобод соли 1958 барҳам дода шуда, ҷамоатҳои он ба тобеъияти ноҳияи Шаҳритус дода мешаванд ва соли 1978 аз тобеияти ноҳияи Шаҳритус ҷудо шуда, ноҳияи Қубодиён номгузор мегардад.
Дар заминаи як қисм ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритус соли 1996 ноҳияи Носири Хусрав бо маркази маъмуриаш шаҳраки Баҳор ташкил дода мешавад.
Вилояти Қӯрғонтеппа соли 1947 барҳам дода шуда, ноҳияҳои он ба ҳайати вилояти Сталинобод ҳамроҳ карда шуданд. Вилояти Қӯрғонтеппа бори дуюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1977 бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил ва ба ҳайати он баробари ноҳияҳои дар боло зикргардида шаҳри Норак низ ҳамроҳ карда мешавад.
Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 8 сентябри соли 1988 ду вилояти қисмати ҷанубии Тоҷикистон Кӯлобу Қӯрғонтеппа муттаҳид гардонида шуда, вилояти калонтарини ҷумҳурӣ -Хатлон ташкил ёфт.
Раиси Шӯрои депутатҳои халқи вилоят -котиби аввали Ҳизби Коммунистии вилоят Иззатулло Ҳалимов ва Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят Акбар Мирзоев буданд.
Мақсади ташкил намудани вилояти Хатлон дар он буд, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон аз ҳисоби муттаҳидкунии ду вилояти ба ҳамдигар аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихӣ алоқаманд истифодабарии захираҳои мавҷуда беҳтар гардида, рушди хоҷагии халқ тезонида шаванд. Вале, дар арафаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати ҷудошавии ҷумҳуриҳо ва инчунин минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар натиҷа моҳи феврали соли 1990 вилояти Хатлон барҳам хӯрд ва боз вилоятҳои алоҳидаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар шакли пешина ташкил шуданд. Дар давраи кашмакашиҳои сиёсӣ, ки баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт Вахшонзамин яке аз майдонҳои асосии он гардид.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳҳои ноябр -декабри соли 1992) ба ин ҷанги бемаънии бародаркуш, асосан хотима дод ва бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1992 вилояти Хатлони бостонӣ аз нав эҳё гардид.
Дар вазифаи раиси вилояти Хатлон Абдуҷалол Салимов (солҳои 1992-1996), Давлаталӣ Шарифов (солҳои 1996-2001), Амиршо Миралиев (солҳои 2001-2006), Ғайбулло Авзалов солҳои (2006-2013), Гулмаҳмадзода Д.Қ. (2013-2019) кору фаъолият кардаанд ва Қурбон Ҳакимзода аз моҳи январи соли 2019 то ҳоло ин вазифаро ба уҳда дорад.
Маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) мебошад. Шаҳр дар соҳили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, иқлимаш хушки субтропикист.
Қӯрғонтеппа асрҳои I - IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст, ки маънои «шаҳри гӯша» -ро дорад. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табиӣ набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» ҷорӣ кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фурӯш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд ҳар кадом як хӯрҷинӣ хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҷа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятҳо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр иҳота мекард, аз болои он ароба бемалол гашта метавонист. Қасри ҳокими Леваканд низ дар болои ин теппа сохта шуда буд. Мақсад аз бунёди теппаи мазкур иборат аз он будааст, ки муҳофизони муқимӣ аз ҳуҷуми душманон сари вақт бохабар шуда, онро рафъ карда тавонанд. Аз ду тарафи теппае, ки қасри ҳоким сохта шуда буд, ду наҳр: аз ҷануб наҳри «Ҷӯйбор» ва аз шимол наҳри «Ҷӯйхонум» ҷараён дошт. Дар бораи ҷӯйи «Хонум» чунин ривояте ҳаст, ки гӯё бо талаби зани дӯстдоштаи ҳокими Леваканд Бибихонум аз тарафи шимоли теппа наҳр гузарониданд, ки дар он малика бо канизакҳояш машғули оббозиву фароғат мешудаст ва аз ин рӯ ин наҳр номи «Ҷӯйхонумро» -ро гирифтааст. Айни ҳол дар болои теппаи таърихии шаҳр манора ва дар асоси он осорхонаи таърихию кишваршиносии “Бибихоним” сохта шудааст, ки 4 сентябри соли 1999 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии онро бурида, ба оғози истифода қарор ёфтани ин оинаи таърих асос гузошт.
Ҳуҷуми ғоратгаронаи муғулон дар асри ХIII баробари дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна шаҳри Левакандро низ ба харобазор табдил дод. Як қисми аҳолии он кушта шуда, қисми зиндамонда водиро тарк карданд ва номи Леваканд низ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Баъдтар ба ин ҷо одамони нав омада маскан гирифтанд ва теппаю мавзеҳоро низ ба хости худ аз нав номгузорӣ намуданд. Маркази водӣ аз ҳамон давра (асрҳои ХIII - ХIV) ба номи теппаи таърихӣ (яъне Қӯрғон дар болои теппа) марбут гардида, Қӯрғонтеппа номгузор гардидааст.
Қӯрғонтеппа ба туфайли азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш дар замони шӯравӣ эҳё ва 11 августи соли 1937 ба мақоми шаҳр эътироф гардид.
Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2016 номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар тағйир дода шуд.
Вилояти Хатлон дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯи тоза пайдо
кард.
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.