Дар як сатр
» » ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

17-02-2018, 14:24

«Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рӯзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши босазо дорад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Таври маълум, намудҳои ҳунарҳои бостонии миллии тоҷикон хеле зиёд мебошад. Яке аз ҳунарҳои зебою пурмаънии бонувони тоҷик қуроқдӯзист, ки он таърихи қадима дорад.

Қуроқдӯзӣ як навъи ҳунарест, ки аз пораҳои матоъ иборат буда, бо тахайюлоти бой ва нақшҳои миллии тоҷикон ин пораҳоро ба ҳам пайваст мекунанд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резаҳои матоъ мебошад. Бонувони ҳунарманди тоҷик аз пораи матоъҳои гуногун ба шаклҳои чоркунҷа, секунҷа ва тасмачаҳои ҳархела асосан дастурхон, чодари арӯсӣ, кӯрпа, кӯрпачаҳои кӯдакона, болиштҳои калону хурд, ҳатто куртаҳои қуроқӣ, ҷомаҳои кӯдакона, дастбанди гаҳвора, ойинахалта, чойхалта ва ғайраҳоро дӯхта тайёр мекунанд. Дар рӯйи дастурхони қуроқӣ таом хӯрдан дар миёни мардум "савоб” дониста мешавад.

Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ ойину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои "мураққаъ” ё "хирқаъ” маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳаминро бар тан мекарданд.

Асосан, қуроқҳо аз матоъҳои сурх, сафед, сабз, сиёҳ, кабуду зард, бунафш ва ғайра дӯхта мешаванд. Занон аз ҳунари қуроқ истифода бурда, пораҳои ҳама гуна матоъҳои аз либосҳо зиёдатӣ баромадаро низ қуроқдӯзӣ мекунанд.

Муҳаққиқ М. Акилова дар китоби "Нақшу нигори бофандагӣ ва кашидадӯзии водии Зарафшони Тоҷикистон” роҷеъ ба ҳунари қуроқдӯзӣ чунин ибрози ақида менамояд: "Бисёриҳо аҳамият ва таъйиноти қуроқро дуруст дарк намекунанд. Ҷавонон бошанд, гумон мекунанд, ки маснуоти қуроқӣ барои зебу зинат истифода бурда мешавад. Бисёриҳо мефаҳманд, ки қуроқро дар хона нигоҳ доштан фоиданок аст. Аксарияти одамони куҳансол боварӣ доранд, ки қуроқ хонаро аз ҳама «балову офатҳо» нигоҳ медорад”.

Дар таомули мардуми тоҷик шаклҳои мутановеи қуроқдӯзӣ мавҷуд аст:

1. Дӯхти навъи варақӣ;

2. Қуроқи чашмӣ;

3. Қуроқи қуӣ;

4. Қуроқи осиёбӣ;

5. Қуроқи ба шакли омезиш.

Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост. Масалан, занони қуроқдӯз барои наварӯсон кӯрпаю кӯрпача ва болиштҳои қуроқӣ медӯзанд ва дуо мекунанд, ки бигзор, навхонадорон хушбахту ба паю қадам бошанд. Ин ақидаро аксари мардум дар минтақаҳои Тоҷикистон иб-роз намудаву ба он ҳунар машғул мешаванд. Ин нуқтаро муҳаққиқ Л. Носирова низ ҳангоми омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар Истаравшан мушоҳида намуда, аз ҷумла менависад: «...Дар Истаравшан ҳангоми нишастани арӯс ба таги чодар кӯрпачаи «қуроқи турна» мепартоянд ва "арӯс ба паю қадам шавад” гуфта дуо мекунанд».

Ходими илмии шуъбаи таърих ва назарияи фарҳангшиносии ПИТФИ С. Мирзоева низ доир ба мавҷуд будани шаклҳои мухталифи қуроқдӯзӣ дар таомули мардуми тоҷик, аз ҷумла дӯхти навъи варақӣ, чашмӣ, қуӣ, осиёбӣ ва қуроқи ба шакли омезиш чунин ибрози ақида намудааст: «Дар байни тоҷикони водии Фарғона маснуоте, ки аз порчаҳои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар ойин ва суннатҳои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рӯзи ҳафтуми таваллуди кӯдак аз хонаводаҳое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда ва бо нияти нек (дар оянда умри тӯлонӣ ва дороии фарзандон ва наберагон зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд. Инчунин, пештар онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва умед мекарданд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд».

Дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардад. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусиятҳои таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтаанд. Ба василаи қуроқдӯзӣ нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардумӣ (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Ба василаи рангҳои матоъ, мазмун ва ғояи ороишу нақшҳои тасвирӣ возеҳ ва равшан зоҳир мегарданд.

Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусусиятҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад. Бонувони чирадаст мекӯшанд, ки пораҳои матоъ ҷамъ овардаву аз онҳо як навоварӣ биофаранд. Ба воситаи матоъҳои пора онҳо дастурхон, ҷома, гаҳворапӯш ва барои арӯсон кӯрпаю болишт медӯзанд.

Имрӯзҳо ин ҳунари мардуми тоҷик аз нав эҳё гашта истода, духтарон ҷомаҳои қуроқӣ, ҷузвдонҳои қуроқӣ ва дигар маводҳоро қуроқдӯзӣ намуда истифода мебаранд. Омӯзиши қуроқдӯзӣ ба кашфи махсусияти мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани ойину суннатҳо, шавқу завқи устодони кори дӯзандагӣ ва нақши қуроқдӯзӣ ҳамчун ҷараёни махсуси бадеӣ мусоидат мекунад.

Масъули гӯша

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Атлас ва атласбофӣ

Атлас ва атласбофӣ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА