Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН


ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН




Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон дар кўчаи Ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ боздид намуд. 

Гуфта шуд, ки бинои аз 10 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо усули меъмории муосир, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.

Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино марказҳои савдо ва хитзматрасонӣ ва дар дигар ошёнаҳо 81 манзили истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрадор ҷойгир хоҳад шуд. Бинои мазкур бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ дар масоҳати 1100 метри мурабаъ сохта мешавад.


Сохтмони биноро  ширкати сохтмонии “Шамсидини ҷавон”- и ноҳияи Кўшониён бо ҷалби 15 нафар мутаххассисон ва сохтмончиён ба уҳда дошта, тибқи нақша моҳи декабри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Бинои истиқоматӣ бо хати оби нӯшокӣ, хати обу корез, тавақуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, майдончаи бозиҳои кўдакона ва лифти баландсуръати замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода