Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оғози семинар-машварат дар шаҳри Бохтар


Оғози семинар-машварат дар шаҳри Бохтар




Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар семинар-машварати ҷумҳуриявии раисони Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир шуд. 

Меҳмононро дар саҳни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳри Бохтар намояндагони мақомотҳои шаҳр самимона пешвоз гирифтанд. Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳи Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар диданд намуданд. 

Сипас, толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мубодила афкор ва таҷрибаи Шуроҳо доир гардид. 

Шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчун ташкилоти бонуфузи ҷамъиятии барои бештар ҷалб намудани диққату таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои собиқадорон, инчунин барои  тарбияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва ахлоқию худшиносу ҷавонон нақши муайянеро мебозад. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода