Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМАДОНӢ. МУМФАРШ НАМУДАНИ 2,5 КИЛОМЕТР РОҲ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН


ҲАМАДОНӢ. МУМФАРШ НАМУДАНИ 2,5 КИЛОМЕТР РОҲ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН




Бо ташаббус ва ибтикори Маркази дастгирии ташаббусҳои назди Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва сокинони маҳаллӣ мумфарш кардани 2,5 километр роҳи асосии мошингарди ҳудуди ҷамоат, ки аз байни деҳаи Файзобод (аз шоҳроҳи Душанбе - Фархор) то сарҳади деҳаи Анҷиркони Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд бо маром идома дорад.

       Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маблағи лоиҳавии он 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ва зиёда аз 350 шахсони саховатманду эҳсонкор, соҳибкорон ва аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

       Гуфта шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия техникаҳои Идораи роҳсозии ҷалб карда шуда, дастрасии нисбатан арзони масолеҳи роҳсозӣ таъмин карда мешавад.

      Иттило дода шуд, ки лоиҳакашии роҳ аз ҷониби кормандони бахши меъмории ноҳия намояндаи ДЭУ ва намояндаи ҷомеа Ҳасанов Ҷумахон тарҳрезӣ шудааст.

     Бо мумфарш кардан ва бунёди корҳои зикршуда ҳолати рафтуомади аҳолӣ, алалхусус ашхоси маъюб, кӯдакон ба мактаб беҳтар гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мешавад ва хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ кам мегардад. Инчунин, натиҷаи ин амал ба ҳусни деҳа ҳусни дигар зам хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода