Дар як сатр
» » Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

2-11-2017, 11:32

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Ҳар гоҳе, ки ба саҳни мактаб қадам мегузорам, чеҳраи нуронии падари бузургворам шодравон Азим Саид пеши назар меояд...

Азим Саид дастпарвари факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. ӯ аз хурдсолӣ ятим ва дар тарбияи апааш Сафармоҳ монда буд. Бо ҳукми тақдир соли 1949 ба мактаб-интернати шаҳри Қӯрғонтеппа омада, таҳсилашро идома медиҳад. А. Саид мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло ба итмом мерасонад. Фаъолияти кориашро аз мактаби №6-и ба номи Кирови ноҳияи Вахш аз соли 1953 оғоз мекунад. Вай 53 соли умри бобаракаташро дар мактаби номбурда, ки худ ташкил карда буд, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик сарфи таълиму тарбия намудааст.

Азим Саид садҳо шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, дӯстиву рафоқат, меҳру садоқат ва шеъру шоирӣ тарбия намуда, онҳоро ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят кардааст.

Ин марди фозилу маърифатпарвар соҳиби 13 нафар фарзандони соҳибмаълумот буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни илмию фарҳангӣ хизмат намуда истодаанд. ӯ то охири умраш дар иҳотаи устодону шогирдон фаъолият намуда, дар тӯли таҷрибаи кори чандинсолаи худ ба шогирдону устодони ин даргоҳи таълимӣ на танҳо донистану омӯзонидани дониш, балки аз худ намудани маърифату одоби инсондӯстиро сабақ дод.

Бо тавсияи падарам банда ҳам баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супорида ва онро бо муваффақият ба итмом расонидам. Бо ҳамроҳии падарам дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №6-и ноҳияи Вахш аз фанни забон ва адабиёт дарс медодем. Қиблагоҳам барои ман беҳтарин ва сахгиртарин устодам ҳисоб меёфтанд. ӯ маро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, пос доштани асли хеш, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва дур будан аз фарҳанги бегона тарбия менамуданд. Таъсири як соат дарс ва як сухани ӯ барои мо як ҷаҳони навро кушод.

Падарам ҳамеша фикрашро бо ду-се ҷумла ба итмом мерасонид, вале таъсираш як асари таълимиро мемонд. Аз муомилаи хуб ва рафтори неку инсондӯстонаи ӯ мо худ-ро шинохтем ва дарк намудем, ки омӯзгор пеш аз ин, ки таълим диҳад, бояд сараввал тарбиятдиҳандаи хуб бошад. Дар қалби шогирдон ҳисси инсондӯстиро бедор карда тавонад. Ин пандҳои устод бори дигар собит месозад, ки мо фарзандон бо кору рафтори хеш номи падарамонро ҷовидона нигоҳ дорем. Бузурге фармудааст:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.


Инак, шаш сол мешавад, ки ин марди бо фазлу дониш бо мо нест. Аммо рӯҳаш, амалаш, суханаш, панду таҷрибааш бо мост. Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоёни Азим Саидро ба назар гирифта, кӯчае, ки дар он зиндагӣ мекунем, ба номи ӯ гузошта шуд.

Сайлигул САИДОВА,
омӯзгори МТМУ №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА