Дар як сатр
» » Дар тарбияи фарзанд масъул бошем

Дар тарбияи фарзанд масъул бошем

26-09-2017, 09:15

Дар тарбияи фарзанд масъул бошем

Ё худ чаро баъзе волидон фарзандони хешро дузду кӯчагард тарбия мекунанд?

“ТАНБЕҲ”-И ПАДАР

Фарзанди бетарбия ба сари оила нохушиҳо оварда, боиси сархамии волидон мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату мулоқот ва баромадҳояш ба тарбияи фарзанд, таҳсил ва касбомӯзии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро имрӯзҳо дар байни баъзе наврасону ҷавонон одобу ахлоқ, гуфтору рафтор коҳидаасту волидон бетарафу бепарво гаштаанд.

Ҷавонони кӯчагарду дилозорро дида ғашам меояд. Бисёр мехоҳам дар ин бора мушоҳидаҳои хешро ба қалам диҳам. Ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми ҷумҳурӣ мушкилоти зиёде овард. Махсусан дар тарбияи фарзандон ин мушоҳида гардид. Вобаста ба ин ҳодисаеро ёдовар мешавам, ки он дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ рух додааст.

... Маро дергоҳ қалбдастии писари муллои деҳаамон ором намегузошт. Вале хотири мулло дастамро баста буд. Боз хомӯш истодан ҳам устухонсӯз буду бетарафиро мемонд.

Муллои деҳа Н. байни хурду бузург эҳтиром дошт. Ҳамагон гапашро гӯш дода, даҳони ӯро менигаристанд. Ҳар корро бо маслиҳаташ оғоз менамуданд. Мулло дар суҳбатҳояш пайваста оид ба тарбия ва назорати фарзандон ҳарф мезад. Волидонро таъкид менамуд, ки ба тарбияи онҳо эътибори махсус бидиҳанд. Ҷавононро бошад, ба роҳи покию некӣ ва ростӣ ҳидоят менамуд. Аммо писари мулло бо рафтори ноҷои худ обрӯйи падар рехт. Ба ҳамаи ин худи мулло низ гунаҳкор буд...
Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ вазнин шуда монд. Ба хусус танқисии маводи ғизоӣ эҳсос мешуд. Баҳонаи камчинии маводи ғизоӣ ва касодии буҷаи оила волидонро нисбати фарзандон бепарво намуд. Ҷавонон даст ба дуздӣ мезаданд. Ҳар гоҳ фарзанд моли дуздиро ба хона оварад, падар ё модар намепурсид, ки он аз куҷо ва чӣ тавр ба даст омадааст? Баръакс, онҳо хурсанд шуда фарзандро дуои нек медоданд, ки оиларо мехӯронад.

Дар деҳаи мо низ ҳодисаҳои дуздии молу ашё ва маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду гандум тез-тез рух медод. Ҷабрдидаҳо, ки ба мулло эътиқод доштанд, наздаш рафта, дуздро “кӯрхат” мекарданд. “Кӯрхат”-ҳои мулло таъсире намедод, ҳодисаи дуздӣ боз хонаи нафари дигаре такрор меёфт. Мулло дар ҳар як дуздӣ писари хонадонеро муттаҳам менамуд. Бо гуфти мулло қариб ҳама ҷавонони деҳа гӯё дузд буданд. Аз ин гумонҳо бисёр падарон сархам шуда, худро гунаҳкор медонистанд.

Рӯзе чанд тан падар назди мулло омада, аз ӯ маслиҳат пурсиданд, ки аз ин ҳодисаҳо ба милиса хабар кунанду қилро аз хамир ҷудо намоянд. Мулло пеши роҳи онҳоро гирифт.

-Ин коратон боиси беобрӯгии аҳли деҳа ва ташвишҳои зиёд мегардад. Корат, ки ба милиса афтад, гунаҳкору бегуноҳ ба осонӣ аз дасти вай халос намеёбад. Роҳи ягона назорати фарзандон аст. Нагузоред, ки онҳо шабу нимшаб аз хона берун шаванд.

Маслиҳати мулло “гунаҳкорон”-ро хуш омад. Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд. Вале дуздӣ якбора зиёд шуда монд. Баъди муддате ҳамсояи мулло ба гӯши чанд мӯйсафеди деҳа расонд, ки ҳама дуздиҳо кори дасти писари мулло мебошад. Касе ба ин бовар накард. Чормағз ба сари худи “хабаркаш” шикаст. ӯ ноилоҷ писарашро аз туҳматҳо гурезонда, ба Русия фиристонид. Дуздӣ боз аз байн нарафт.

Як бегоҳ мӯйсафедони деҳа наздам омаданд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки бо мулло дар хусуси дуздии писараш гуфтугӯ кунам. ӯ бояд писарашро насиҳат карда, аз ин роҳи бад баргардонаду обрӯи худро нигоҳ дорад. Ин “ҷуръат”-и мӯйсафедон маро шердил намуд. Худи ҳамон лаҳза назди мулло рафтам.

Ҷавоби мулло тире буд ба ҷигар. Маълум, ки ӯ аз дуздиҳои писараш огаҳӣ дорад. Бо даҳони пӯшида аз дараш берун шудам. Оқибат дуздӣ писари муллоро ба кунҷи маҳкама бурду обрӯи худи мулло дар байни омма рехт...

Мақсади ба қалам додани ин ҳодисаи нохуш ҳушдории волидон аст. Умед дорам, ки онҳо аз ин мушоҳидаҳои банда хулосае бароварда, ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

САЛИМ, нафақахӯр


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шӯрои уламо: «Дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро набинед!»

Шӯрои уламо: «Дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро набинед!»

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Волидонро хор накунем

Волидонро хор накунем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Гладиатори тоҷик

Гладиатори тоҷик

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, САТТОР ҚАРАХОНОВ
«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш