Дар як сатр
» » Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

5-06-2017, 09:47

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои экологӣ аз давраҳои пеш ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёфт ва ҳозир ҳам ҳаст.

Дар ҳақиқат, мо он ҳақиқати бебаҳоро дарк кардаем, ки ҳаргиз ҳокими мутлақи табиат нестем, балки ҳамагӣ ҷузъе аз он мебошем, ки мебояд қонуниятҳои табиатро дақиқ омӯзем, дарк созем ва риоя кунем.

Таърих гувоҳ аст, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуниятҳои табиат инсоният ба чӣ фоҷиаҳое дучор шудааст ва шуда истодааст.

Хотирнишон менамоям, ки ҳодисаҳои дар натиҷаи бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ нисбат ба қонунҳои табиат, осеб дидани даҳҳо шаҳру деҳот ва қисме аз ин шаҳру деҳот, ҳатто пурра зери хок мондаанд ва имрӯз чун мавзеъҳои таърихӣ ё худ оромгоҳҳо шинохта шудаанд, дар таърих хеле фаровонанд.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо дар пеши назарамон захираҳои табиӣ ба яғмо бурда мешавад, бештари тағйирот ба воситаи ифлос кардани манбаъҳои об, хок ва нобудшавии баъзе набототу ҳайвонот бо дасти инсон содир шуда истодааст. Дар натиҷа, мо ҳамасола аз офатҳои гуногуни табиӣ ба монанди сел, хоккӯчӣ, обхезӣ ва ғайраҳо зарари зиёд мебинем ва, мутаассифона, чунин ҳодиса ҳамасола идома меёбад.

Аз ин лиҳоз, оид ба пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати табиат ва муҳити зист, самараноку оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо дар сатҳи умумиҷаҳонӣ аз 5-ум то 16-уми июни соли 1972 дар шаҳри Стокголми Шветсия конфронси Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда буд, ки дар он аз ҷониби кишварҳои Ҷопон ва Сенегал пешниҳод гардид, ки 5 июн Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қабул карда шавад.

Дар ин Декларатсия бори аввал зикр гардид, ки ҳифз ва беҳдошти муҳити зист барои насли имрӯза ва фардо вазифаи аввалиндараҷаи инсоният мебошад. Инчунин дар ин ҳуҷҷат ҳуқуқи давлатҳо ба истифодаи бойигариҳои табиии худ ва масъулияти таъмини онҳо, бе расонидани зарар ба муҳити зисти дигар кишвару минтақаҳо махсус қайд гардидааст.

Дар ҷумҳурии мо бошад, ин сана аз соли 1988 инҷониб қайд карда мешавад ва ин ҳар як шаҳрвандро вазифадор менамояд, ки дар ҳифзи муҳити зист масъул бошем.

Новобаста ба оне, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаби экологӣ бисёранд. Аз ҷумла буриши ғайриқонунии дарахтон, нобудсозии ҷангалзорҳо, шикори ғайриқонунии ҳайвонот, моҳӣ ва парандагони нодир, партовҳои газҳои заҳрнок ба ҳавои атмосферӣ, эрозия ва шӯршавии замин, баландшавии обҳои зеризаминӣ, масъалаҳои ҷойгиркунии партовҳои саноатӣ ва маишӣ, боз даҳҳо мушкилоти дигари экологӣ рӯ ба рӯйи мо истодааст, ки онҳо ҳалли саривақтии худро мехоҳанд.

Имрӯз, ҳатман, аҳли ҷомеа бояд эҳсос намояд, ки мушкилоти экологӣ, мушкилоти рақами як ба ҳисоб меравад ва ин моро вазифадор менамояд, ки бояд рӯҳияи ҷомеаро дигар намуда, самти маърифати экологиро аз шаҳрванди одӣ то сатҳи мақомоти идораи давлатӣ баланд бардошта шавад. Дар ин раванд Тоҷикистон дар давраи истиқлолият дар самти ҳифзи муҳити зист зиёда аз 24 қонун қабул намуда, ҷиҳати татбиқи он зиёда аз 13 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ таҳия карда шудааст. Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ба 10 Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамроҳ шуда, онҳоро эътироф менамояд.

Дар самти беҳдошти муҳити зист бо дигар ҷумҳуриҳо созишномаҳои дутарафаи байнидавлатӣ ва меморандумҳо ба имзо расонида шудааст. Дар ин давра зиёда аз 17 Барномаи давлатию соҳавӣ, Стратегия ва Консепсия ҷиҳати беҳдошти муҳити зист қабул гардида, амалӣ гашта истодааст. Мақсад ва вазифаҳои Барномаҳои давлатӣ, Стратегия, Нақшаи миллии ҳифзи муҳити зист, "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ин ҷалб намудани ҳамаи ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ ва дигар ташкилоту созмонҳо ба масъалаи нигоҳ доштан ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологии мамлакат мебошад.

Рӯзи муҳити зист яке аз рӯйдодҳои муҳим дар тақвим маҳсуб ёфта, ҳамасола беш аз 140 кишвари дунё ин санаро таҷлил менамоянд. Дар ҳамин раванд Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон нақша-чорабиниҳо тартиб дода, то рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», озмунҳои экологӣ, кабудизоркунӣ, бунёди гулгашту чаманзорҳо гузаронида мешаванд.

Ҳастиро сарчашма об аст

Аз рӯйи маълумот имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафари аҳолии рӯйи замин дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барояшон мушкил аст. Инчунин, 80 давлати дунё аз норасоии об танқисӣ мекашанд.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар 50 соли охир барои дастрасӣ ва тақсимоти об 1500 моҷаро сар зад, ки дар 27-тои ин моҷароҳо яроқу аслиҳа истифода гардидааст. Хушбахтона, кишвари биҳиштосои мо аз ҷиҳати захираҳои об яке аз давлатҳои бойтарини дунё ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҳудуди мамлакатамон 64 миллиард м3 об ташаккул меёбад.

Бинобар ин пешниҳодҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи 141 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфта, бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 - Соли оби тоза, Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Аз ин лиҳоз, асри XXI-ро асри иттилоот ва экология маънидод кардаанд.
Об инсониятро аз ҷиҳати зоҳирӣ ва аз ҳама олудагиҳо пок месозад. Рангорангии табиат аз неъмати беназири об вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, аз қадимулайём мардуми ориёӣ «Об рӯшноӣ аст» мегуфтанд. Сарчашмаи асосии ҳаёти инсоният ва олами набототу ҳайвонот об мебошад. Тасаввур бояд кард, ки одам дар як рӯз аз 2 то 4 литр об истеъмол мекунад, то ки ҳаёти худро нигоҳ дорад. Аз ин лиҳоз, 22 март-Рӯзи об эълон шудааст. Тозаю пок нигоҳ доштани он вазифаи ҳамагон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббус-кор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Боиси хурсандии ҳамагон аст, ки дар охири соли 2016 боз як пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи 193 давлати дунё дастгирӣ ёфта, 21-уми декаб-ри соли 2016 Қатънома аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 қабул гардид, ки боз обрӯй ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт, ки ин ифтихори миллати тоҷик мебошад. Ин иқдоми неки Роҳбари давлат моро водор месозад, ки боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият намуда, беҳтарин сарчашмаи зиндагии одаму олами набототу вуҳушро поку беолоиш нигоҳ дорем. Зеро норасоии об амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва шуғли аҳолиро зери хатар мегузорад. Соҳаи кишоварзӣ бошад, бе об вуҷуд дошта наметавонад. Бояд қайд намуд, ки дар вилояти Хатлон захираҳои об, асосан, аз обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меоянд. Дарёҳои калонтарини вилоят Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Сурхоб, Ёхсу ва Кӯлобдарё мебошанд, ки дарозиашон аз 218 то 921 километрро ташкил дода, сарфаи умумии обҳояшон дар як сония 12030 м3 мебошад.

Дар ин дарёҳо зиёдшавии об аз ҳисоби боришоти борон ба амал меояд. Ҳамасола дар дарёҳои вилояти Хатлон зиёда аз 11 миллиард м3 об ташаккул ёфта, баҳри таъмини аҳолӣ ва обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ сарфа мегардад. Бояд қайд намуд, ки таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар миқёси вилоят солҳои пешин 20 фоизро ташкил медод.

Хушбахтона, баъди қабули «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» боби 2 «Беҳтар намудани сифат ва ҳолати захираҳои об» дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар миқёси вилоят беҳтар гардида, тахминан 50 фисадро ташкил дода, 50 фисади дигари аҳолии боқимонда аз ҳисоби чашмаҳо, кӯлу дарёҳо обро истифода мебаранд.

Дар ин муддат барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ 16 адад чоҳҳои амудӣ дар миқёси вилоят, аз ҷумла, ноҳияҳои Бохтар, Вахш, А. Ҷомӣ, Дӯстӣ, Панҷ ва Восеъ сохта ба истифода дода, 12 адад чоҳҳои амудии мавҷудбуда барқарор карда шуд, ки зиёда аз 126 ҳазор аҳолии ноҳияҳои номбурда бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзу тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз ифлосшавӣ ва худсарона ишғол намудани сарҳадҳои муҳофизатии каналу ҷӯйборҳо аз ҳар гуна сохтмонҳои худсоз, ғайрирасмӣ ҷойгиронии партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аксияи «Тозагии соҳил» бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешавад.

Баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ бурда мешавад. Кормандони ҳифзи муҳити зист Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ гаштани дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида талош меварзанд.

Табиати биҳиштосои ватани азизамон Тоҷикистон диққати сокинони ҷаҳонро ҷалб намудааст. Зеро табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширину табобатӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ, ҳайвоноту набототи нодираш дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ҷашнгирии рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист моро ба мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ, дӯст доштани табиат ва муносибати оқилонаю эҳтиёткорона ба сарватҳои он ҳидоят менамояд. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми вилоятро ба рӯзи 5 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист табрику муборакбод намуда, ба онҳо хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Шамсиддин Раҳимов,
сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мушкилоти глобалии истифодаи об  ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Мушкилоти глобалии истифодаи об ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Об ва масъалаҳои рушди устувор

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар ...

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бе об ҳаёт нест

Бе об ҳаёт нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ