Дар як сатр
» » 18 нафар бо хона таъмин гаштанд

18 нафар бо хона таъмин гаштанд

17-05-2017, 08:45

18 нафар бо хона таъмин гаштанд

Ба 18 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти “Саричашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баҳори соли 2014 бар асари боришоти зиёд манзилҳои истиқоматиашон вайрону валангор шуда буданд, хонаҳои наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба тамоми талаботи муосир супорида шуд.

Калиди ин манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон Ҳабибулло ва намояндаи Соз-мони Милали Муттаҳид Ян Харф ба соҳибонашон тақдим гардид. Р. Раҷабов, муовини раиси вилоят, зимни суханрониаш таъкид кард, ки ин иқдом бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Мавсуф ҳамчунин оид ба дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат дар рушду инкишофи манотиқи вилояти Хатлон, махсусан ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ибрози андеша намуда, сокинони ин русто махсусан онҳоеро, ки соҳиби хонаи нав гардиданд, баҳри саҳм гузоштан дар ободии ватан даъват кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо