БАРРАСИИ РАВАНДИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 316
Дар шаҳри Норак ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ ҷараён дорад.
Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ бахшида, доир ба рафти амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 дар вилояти Хатлон сухан гуфт. Дар ҷаласа ҳамчунин раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар шаҳри Норак ибрози назар кард.
Аъзои Шуро доир ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи корӣ, саҳми Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи ҷаласа гузоришҳои масъулини Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи вилоят, намояндагони БОҶ СММ дар Тоҷикистонро шуниданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...