Дар рӯзи Истиқлол чанд нафар таваллуд шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 943
Дар рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 473 нафар кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи зикршуда бештараш дар таваллудхонаи беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва ноҳияи Ёвон ба дунё омаданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз, тибқи иттилои муовини сардухтур оид ба сиҳатии модар Майдагул Шарипова, дар таваллудхонаи вилоятӣ рӯзи 9 сентябр 13 нафар таваллуд шудааст, ки 7 писару 6 духтар мебошад.
Дар таваллудхонаи шаҳри Бохтар бошад, дар рӯзи Истиқлол 8 нафар кӯдак ба дунё омад, ки 7 нафараш писар ва 1 нафар духтар мебошад.
Фирдавс УМАРОВ,
“Хатлон”